Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо губернатори музофоти Гёнсангбук-до Ким Кван-йон

11.04.2015 08:26, Корея

Имрӯз дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо губернатори музофоти Гёнсангбук-до Ким Кван-йон мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста бо ҳамкории Тоҷикистону Корея ва робитаҳо бо минтақаҳои он, аз ҷумла миёни музофоти Гёнсангбук-до ва минтақаҳои Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Ҳарду ҷониб ба густариши робитаҳои байниминтақавӣ бо ҷалби васеи доираҳои соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Ташкил ва рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти он, аз ҷумла нассоҷӣ, соҳаҳои энергетика, саноат, кӯҳкорӣ, ҷаҳонгардӣ ва фарҳанг дорои дурнамои хуб номида шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея қарор дорад.

Тайи рӯзҳои ин сафар мулоқоти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея хонум Пак Хин Хе баргузор шуда, дар фароварди он як зумра санадҳои нави ҳамкории дуҷониба ба имзо мерасанд.

Мулоқотҳои дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчунин бо раиси Парлумони ин кишвар Чун Ой Хуа ва дигар мақомоти баландпояи ин кишвар дар назар аст.

Дар форуми 7-уми ҷаҳонии об Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ташаббускори асосии қабули даҳсолаи байналмилалии “Амалиёти об барои ҳаёт” иштирок ва суханронӣ намуда, дар ҳошияи он мулоқотҳои дуҷониба низ анҷом хоҳад дод.

Дар шаҳри Сеул бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст бинои Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ меёбад. Ин амал бозгӯй аз оғози марҳилаи сифатан нави муносиботи Тоҷикистону Корея хоҳад буд.

Ҳамчунин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷики дар Корея таҳсилкунанда дар назар аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520