Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Корея ва роҳбари Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ

12.04.2015 13:44, Корея

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея бо Президенти ин кишвар хонум Пак Хин Хе мулоқоти расмӣ анҷом дод.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Корея баррасӣ шуд.

Аз рушди муносибот ва густариши ҳамкории ду кишвар, ба хусус дар солҳои охир изҳори қаноат карда шуд. Аз ҷумла змкр гардид, ки давоми 10 сол ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Корея 7 баробар афзудааст. Ҳоло 16 корхонаи муштарак бо сармояи кореягӣ дар Тоҷикистон фаъолияти самарабахш доранд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда дар муносиботи ду кишвар ҳанӯз хеле зиёданд. Соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кӯҳкорӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, телерадиокоммуникатсия ва электроника, маориф, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, обрасонӣ, илму фарҳанг ва муҳоҷирати корӣ дорои дурнамои умедбахш барои рушди муносиботи ҳамаҷонибаи ду кишвар номида шуд.

Таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб ба ҷалби муҳоҷирони кории Тоҷикистон ба Корея ҳавасманд мебошанд ва барои ин корҳои заруриро анҷом хоҳанд дод.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Пас аз анҷоми мулоқот 5 санади нави ҳамкории дуҷониба ба имзо расид:

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба алоқаи ҳавоӣ;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва вазорати корҳои хориҷии Корея;

Ёддошти тафоҳум миёни вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва вазорати фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат;

Ёддошти тафоҳум миёни кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва   вазорати фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш.

Тафсилоти ҳамкории Тоҷикистону Корея, пеш аз ҳама дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гуманитарӣ дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Агентии Корея оид ба робитаҳои байналмилалӣ Йонг Мок Ким баррасӣ шуд.

Бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Корея тасмим гирифта шуд, ки намояндагии Агентии Корея оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе боз карда шавад.

Йонг Мок Ким изҳор дошт, ки барои омӯзиши ҳамаҷонибаи арсаҳо ва имконоти рушди ҳамкорӣ ояндаи наздик ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.

Чунонки зикр гардид, барои бартарафсозии мушкилоти таъмини оби нӯшокӣ ва кишоварзӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб ва бунёди корхонаи коркарди партовҳои саноатию маишӣ дар Тоҷикистон ояндаи наздик тадбирҳои муштараки иловагӣ андешида мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520