Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея

13.04.2015 15:25, Корея

Ҷавонони азиз ва ҳамватанони арҷманд!

Шодам, ки фурсати муносиби гуфтугӯи озоду дӯстона бо шумо дар ин ҷо, сарзамини Кореяи Ҷанубӣ, фароҳам омад.

Ин мулоқотро интизор будам ва мехостам, ки қабл аз саволу ҷавобҳо баъзе андешаҳо ва ҳидоятҳои хешро ба шумо иброз намоям.

Сафари кунунии мо ба Ҷумҳурии Корея ду ҳадафи асосӣ дорад. Яке иштирок дар Форуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об ва дигаре - анҷоми сафари дӯстона ба ин кишвари ба мо дӯст дар минтақаи Осиёи Шарқӣ.

Тавре шумо огаҳӣ доред, имсол Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», ки барои солҳои 2005 – 2015 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон ва бо пуштибонии кишварҳои дӯст эълон шуда буд, ҷамъбаст мегардад. Вобаста ба ин, мо иштироки худро дар Форуми умумиҷаҳонии Тэгу оид ба масъалаҳои об иқдоми комилан зарурӣ ва муҳим мешуморем. Тобистони соли равон дар пойтахти Тоҷикистон бахшида ба ин масъала Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд. Мо ҷониби Кореяро низ даъват намудем, ки дар ин ҳамоиш дар сатҳи шоиста намояндагӣ ва иштирок намояд.

Дар чаҳорчӯбаи сафари дӯстона ман бо Президент, Раиси парламент, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои Ҷумҳурии Корея мулоқоту суҳбатҳои муфассалу судманд доштам.

Мо аз натиҷаҳои муколамаи сатҳи олӣ бо ҷониби Корея қаноатмандем ва дар мавриди татбиқи амалии паймонҳо ва созишномаҳои нав умедҳои калон дорем.

Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» - аш саъй мекунад, ки дар асоси принсипҳо ва меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ бо тамоми давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд барқарор намояд.

Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои минтақаи мо – Осиёи Марказӣ – дар асоси дуҷониба ва дар чаҳорчӯбаи Форуми ҳамкориҳои чандҷониба робитаҳои пойдору гуногунарса дорад, ки сол аз сол рушду тавсеа меёбанд.

Мо чунин мешуморем, ки имрӯз барои ба сатҳи сифатан наву баландтар баровардани муносибатҳои байнидавлатӣ ва ба таври назаррас фаъол намудани ҳамкориҳои дуҷониба шароити зарурӣ ва замони муносиб фаро расидааст.

Мо медонем, ки Ҷумҳурии Корея дорои потенсиали бузурги молӣ ва илмиву технологӣ мебошад ва мо умед дорем, ки сармоя ва технологияҳои Ҷумҳурии Корея дар амалӣ намудани лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар чор минтақаи озоди иқтисодии он фаъолона иштирок хоҳанд кард.

Имкониятҳои фарохи мо дар соҳаҳои гидроэнергетика, металлургия, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи захираҳои бойи канданиҳои фоиданок барои густариши ҳамкориҳои судманд шароити лозима муҳайё мекунанд. Ба назари мо, лоиҳаҳои дар Тоҷикистон истеҳсол намудани маҳсулот бо истифодаи технологияи пешрафтаи Ҷумҳурии Корея қобили омӯзишу татбиқ мебошанд. Ин кор имкон хоҳад дод, ки молҳои Ҷумҳурии Корея ба бозори минтақаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ васеътар ворид шаванд.

Осиёи Марказӣ таърихан бо Осиёи Шарқӣ ва Осиёи Ҷануби Шарқӣ пайванд мебошад. Имрӯз шароити мусоиди густариши ҳамкории васеъ ва босамари ин минтақаҳои бузурги қитъаи Осиё фароҳам гаштааст ва дар ин раванди вусъати ҳамкориҳои байниминтақавӣ Тоҷикистону Корея метавонанд фаъолона ҳамдастӣ намоянд.

Дӯстони азиз!

Шумо хуб медонед, ки аз ибтидои соли 2000 – ум Тоҷикистон ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ворид шуда, ба хотири татбиқи ҳадафҳои стратегии худ таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ комилан раҳо кардани Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум қадамҳои устувору эътимодбахш мегузорад.

Дар Тоҷикистон бунёди иншооти зиёди азими саноатӣ раванди ворид намудани технологияи навин, рушди саноат ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ ба нақша гирифта шудааст ва бунёди теъдоде аз онҳо имрӯзҳо босуръат идома дорад. Барои дар оянда ин иншоотҳоро ба кор андохтану аз лиҳози техникиву технологӣ дуруст истифода бурдан, қабл аз ҳама, ба кишвари мо мутахассисони болаёқат зарур мешаванд.

Аз ин рӯ, ҷавонони мо бояд ба азбар кардани илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҳарчи ҷиддитар машғул шуда, ба ихтисосҳои муҳандисӣ, сохтмон, роҳсозӣ, нақбканӣ, энергетика соҳаҳои дигари технологияи пешрафта ва дигар ихтисосҳое, ки кишвари мо ба онҳо бештар ниёз дорад, диққати зиёд диҳанд.

Агар мо ба сифати таълими кадрҳо таваҷҷуҳ зоҳир накунем, сатҳи касбии мутахассисони ояндаро баланд набардорем ва онҳоро бо маълумоти мукаммали замонавӣ мусаллаҳ насозем, рушди устувори ояндаи кишварро таъмин карда наметавонем.

Ин аст, ки мо имрӯз рушди маорифро самти афзалиятноки сиёсати давлат эълон кардаем.

Таъкид месозам, ки шарти ҳатмии татбиқи амалии ҳама барномаю ҳадафҳои мо дониши мукаммал ва сатҳи маърифати муосири ҳамагонист. Возеҳ аст, ки агар мо мутахассисони сатҳи баландро тарбия накунем, фаъолияти иншооти гуногуни иқтисодӣ ва инфрасохтории мо самараи матлуб нахоҳад дод.

Тоҷикистон имрӯз мактабҳои олии зиёд дорад, вале ҳамкории бештар бо мактабҳои олии муътабари дунё, аз ҷумла Кореяи Ҷанубӣ, дар ин арса муфид аст. Ин тақозои рӯзу замон аст.

Теъдоди ҷойҳое, ки мувофиқи квотаи байнидавлатӣ барои таҳсили ҷавонони Тоҷикистон дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ ҷудо карда мешаванд, сол аз сол меафзояд. Вале, мутаассифона, сатҳи тайёрӣ ва дониши довталабон ҳанӯз ҳам қаноатбахш нест.

Бинобар ин, барои бо сифати баланд тайёр кардани мутахассисони зарурӣ мо чанд сол қабл тасмим гирифта будем, ки ба мактабҳои олии хориҷӣ донишҷӯёни лаёқатманди солҳои аввалу дуюми муассисаҳои таҳсилоти олии кишварамон низ фиристода шаванд.

Ҳоло бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон садҳо нафар ҷавонони мамлакатамон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар Россия, Америка, Ҳиндустон, Чин, Ҷопон, Олмон, Фаронса, Италия, Англия, Миср, Эрон, Туркия, Ҷумҳурии Корея, кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар кишварҳо таҳсил доранд.

Мо умедворем, ки онҳо дар оянда мутахассисони хуб шуда, ба Ватани худ бармегарданд.

Тавре ки ман борҳо таъкид намудаам, ҷавонон ояндаи мо мебошанд. Барои он ки онҳо ҳамчун ворисони сазовори Тоҷикистони соҳибистиқлол ва миллати соҳибному соҳибфарҳанги худ ба камол расанд, мо вазифадорем, ки раванди таълиму тарбияи онҳоро, аз ҷумла бо истифода аз имкониятҳои соҳаи маорифи кишварҳои хориҷӣ ва бо дарназардошти хусусиятҳои тараққиёти ҷаҳони муосир ба роҳ монем.

Дар навбати худ, ба шумо, толибилмони азиз, зарур аст, ки нисбат ба рисолати имрӯзаатон – донишандӯзӣ – муносибати хеле ҷиддӣ дошта бошед. Шуморо бори дигар даъват менамоям, ки аз фурсат ва шароиту имкониятҳои бароятон дар ин кишвари пешрафтаи Осиё фароҳамшуда самарабахш истифода бурда, касби пешакардаи худро ҳаматарафа ва амиқ аз худ намоед.

Ҳамчунин фаромӯш набояд кард, ки бидуни аз худ намудани дастовардҳои илму техника ва технологияҳои ҳозиразамон мутахассиси хубу баландихтисос шудан ғайриимкон аст. Барои шумо таълимгоҳи хориҷӣ даргоҳест, ки дар он ба фаъолияти мустақилонаи касбӣ ҳамаҷониба омода мегардед.

Ман ҳамчунин мехоҳам ба донишҷӯён ва ба ҳамаи ҷавононе, ки дар Ҷумҳурии Корея таҳсилу фаъолият доранд, муроҷиат намоям. Шумо дар давраи тақдирсози халқамон, дар давраи дигаргуниҳои куллӣ таваллуд шуда, ба камол расида ва зиндагӣ мекунед.

Шумо барои ҳамқадами замон шуданатон бояд ҳамеша ба мустақилона баланд бардоштани сатҳи дониш ва такмили он, яъне худомӯзӣ машғул шавед. Бузургони фарҳангу адаби мо, аз устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сар карда, беҳуда нагуфтаанд, ки мактаби асоситарини инсон худи ҳаёт аст.

Шумо бояд фаромӯш накунед, ки дар асри XXI – асри иттилоот, илму фан ва дастовардҳои беназири технологии муосир зиндагӣ мекунед.

Аз ин рӯ, вазифадор ҳастед, ки асосҳои илму дониш, бахусус дастовардҳои фанҳои дақиқро омӯзед, аз дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвари худ – Тоҷикистон ва иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ бошед, аз барномарезиҳои компютерӣ ва истифодаи имкониятҳои он бархурдор гардед.

Баробари омӯхтани забони модарӣ кӯшиш намоед, ки якчанд забони хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисиро комилан аз бар намоед, то ки бо техникаву технологияҳои муосир озодона кор карда, бо ҳамкасбони хориҷии худ бемамониат муошират карда тавонед.

Танҳо дар ҳамин сурат аз Корея ба Ватан баргашта, шумо метавонед, ки на танҳо шаҳру ноҳияи худ, балки сартосари кишвари азизи худро навсозиву обод намоед, баробари замон қадам занед ва истиқлолияту пояҳои давлатдории миллии худро амалан пуштибонӣ кунед.

Ин ҷо як масъалаи ниҳоят муҳимро бори дигар таъкид кардан мехоҳам: ҷавонони мо бо хатми донишгоҳу донишкада – хоҳ дар Тоҷикистон, хоҳ дар хориҷи он – бояд манфиатҳои миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро амиқ дарк намоянд, худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпарвар бошанд, бо эҳсоси амиқи ифтихори миллӣ дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кардаву таҳким бахшида тавонанд. Танҳо бо таълиму тарбияи чунин насл ва ба камол расонидани чунин кадрҳо мо ба ояндаи неки Тоҷикистон умед баста метавонем.

Ҳар як донишҷуи ватандӯсту ватанпарвар, бедордилу худогоҳ ва бонангу номус новобаста аз макони таҳсилаш, бояд ба сарзамини аҷдодӣ, меҳри фарзандӣ дошта бошад ва барои ободу зебо гардонидани он дониш, маҳорат ва ғайрати худро дареғ надорад.

Ва шумо, ҷавонон, бояд ифтихор кунед, ки идомадиҳандаи таърих, фарҳанг ва суннатҳои неки миллати қадимаву сарбаланд мебошед. Шумо бояд аз таҷрибаи ғании наслҳои калонсол сабақи ватандорию бунёдкорӣ, нангу номус, сабру таҳаммул, меҳнати ҳалолу ободкорӣ ва худогоҳию мардонагиро омӯзед.

Шумо бояд худ дарк кунед, ки истиқлолияти воқеӣ доштан ва соҳибдавлату соҳибватан будан барои инсон бузургтарин неъмат ва волотарин ормони ҳаётист. Насли шумо бояд бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам бошад, аз таҷрибаи муосири пешбурди иқтисоду бахши идоракунӣ воқиф гардад, аз дастовардҳои илму фановариҳои навтарин бархурдор бошад, манфиатҳои миллии кишвари худ – Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳони басо мураккабу пуртазод ҳимоя карда тавонад.

Ҳукумати Тоҷикистон, бо вуҷуди тамоми душвориҳо, кӯшиш дорад, ки нисбат ба ҷавонон ғамхорӣ зоҳир намояд, барои таҳсил ва кору зиндагии онҳо шароити мусоид ба вуҷуд орад. Зеро ояндаи неку обод, обрӯю нуфузи кишвару давлат ба шумо, ҷавонон, сахт вобаста аст.

Фаромӯш накунед, ки ҳастии мо, сари баланду хонаи ободи мо модари азизамон – Тоҷикистон аст.

Бигузор барои шумо, ҷавонон, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва рушду амнияту осудагии Тоҷикистони азиз мақсаду мароми волотарини зиндагӣ бошад!

Бо ҳамин ниятҳои нек ба шумо, донишҷуён ва кулли аъзои ҷамъияти тоҷикон дар Ҷумҳурии Корея саломатӣ ва бахту иқболи нек орзумандам.

Сарбаланду саодатманд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520