Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

17.04.2015 11:41, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум иштирок ва суханронӣ намуд.

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки бори нахуст баъди интихоби ҳайати нави аъзои он баргузор шуд, аз ҷониби узви аз ҳама калонсоли Маҷлиси миллӣ Қаҳҳор Маҳкамов кушода эълон гардид.

Пас аз иҷрои муқаррароти оғози иҷлосия, аз ҷумла интихоби Котиботи он, Комиссияи баҳисобгирии овозҳо ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия, нахуст Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи нави фаъолият интихоб карда шуд. Тибқи муқаррарот тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҷонибдории ҳамаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз нав ба мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Бо овоздиҳии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ тавассути воситаҳои электронӣ муқаррар карда шуд, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум ва як муовин дошта бошад.

Ба вазифаи Муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Абдураҳмон Қодирӣ ва ба вазифаи муовини раис намоянда аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Шодихон Ҷамшед интихоб карда шуд.

Сипас Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, нахуст ҳамаи аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиро ба муносибати интихоб ва таъин шуданашон ба узвияти ин мақоми олии қонунгузори кишвар ва нафарони ба мансабҳои роҳбарии он интихобшударо табрику таҳният гуфт ва ба аъзои Маҷлиси миллии даъвати гузашта барои фаъолияти пурсамари панҷсола ва саҳми арзандаашон дар рушди парламентаризми Тоҷикистон, такмил ва қабули санадҳои қонунгузорӣ, инчунин мусоидат ба танзими масъалаҳои муҳими ҳаёти давлат ва ҷомеа изҳори сипос кард.

Бо ёдоварӣ аз нақши боризи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия, қабул ва татбиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор гардид, ки фаъолият дар ин мақоми олии давлатдорӣ аз ҳар як узви он масъулияти баланд ва фаъолияти пурсамарро талаб мекунад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, таҳкими амнияту субот, таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва ҳамаи минтақаҳои он аз вазифаҳои аввалиндараҷаанд.

Таваҷҷуҳи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксаран роҳбарони вилоятҳо ва як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошанд, ҳамчунин ба пешгирӣ аз гароидани баъзе аз ҷавонону наврасони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва мубориза бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ ҷалб карда шуд. Таъкид гардид, ки барои бартараф намудани ин ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир, ки ба кишварҳои зиёди мусулмонӣ, аз ҷумла дар минтақаи мо, таҳдиди ҷиддӣ доранд, бояд нерӯи тамоми аъзои солимфикри ҷомеа сафарбар карда шавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520