Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими гузоштани санги асос ба бунёди хатти интиқоли барқи 500 кв ва панҷ мактаб

20.04.2015 18:24, ноҳияи Варзоб

Узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Хитой муҳтарам Чжан Чунсян!
Меҳмонони гиромӣ!
Дӯстони азиз!

Нахуст мехостам дар ин маросими бошукӯҳ ҳайати дӯстонамонро аз Ҷумҳурии Халқии Хитой бо сарварии Котиби ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзяну Уйғур, дӯсти олиқадри мо Чжан Чунсян хайра мақдам гӯям.

Равобити созанда ва пурсамари мо бо ҳамсояи бузургамон – Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки солҳои охир хусусияти шарикии стратегӣ касб кардааст, рӯ ба тараққист. Мардуми Тоҷикистон набзи ин дӯстиро дар мисоли иншооти сершуморе, ки бо мусоидати хайрхоҳонаи дӯстонамон аз ин ҳамсоякишвари мо амалӣ мегарданд, баръало эҳсос менамоянд ва қадр мекунанд.

Ҳамкории муассири ду кишвари узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай – Тоҷикистону Хитой тақрибан дар тамоми бахшҳои зиндагии ҳаррӯзаи мо инъикос ёфта, аз саноату кишоварзӣ то фарҳангу маорифро дар бар мегирад ва ҳар солу ҳар моҳ самараи нек мебахшад.

Имрӯз низ мо дар ин ҷо ба муносибати боз як рӯйдоди хурсандиовар – гузоштани санги асос барои оғози бунёди хатти интиқоли барқи 500 киловолта ба ноҳияҳои тобеи марказ ва шурӯъ гардидани сохтмони панҷ мактаби нав дар минтақаҳои гуногуни кишвар, ки натиҷаи пурсамари ҳамкориҳои мо хоҳанд буд, гирди ҳам омадаем.

Аз ҷониби роҳбарияти Ҷумҳурии Халқии Хитой бо камоли ҷиддият ва самимият қабул шудани ҳамаи ҳадафҳои стратегии рушди минбаъдаи Тоҷикистон – ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ эътимоду итминони моро ба амалӣ шудани ин ҳадафҳо дар муддатҳои кӯтоҳтарин зиёдтар мегардонад.

Хатти интиқоли баландшиддати барқе, ки мову шумо имрӯз ба бунёди он ҳусни оғоз мебахшем, дар барномаҳои созандагиву ободкорӣ мақоми хоса дошта, ҷиҳати бо барқ таъмин намудани аҳолии манотиқи мухталифи кишвар ва корхонаҳои ҷадиди саноатӣ, инчунин рушди бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ нақши басо арзишманд хоҳад бозид. Дарозии ин хат 196 километрро ташкил дода, бо васлу насби 466 поя ва ба маблағи қариб 500 миллион сомонӣ сохта хоҳад шуд ва дар роҳи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, интиқоли боэътимоди нерӯи барқ ба шимоли мамлакат ва ноҳияҳои тобеи марказ саҳми муҳимме хоҳад дошт.

Ҳамзамон бо ин, баробари татбиқи як силсила лоиҳаҳо аз қабили сохтмони зеристгоҳи «Шаҳринав-220 кв», «Ҳисор-110 кв» ва навбати дуюми Маркази дуюми барқу гармидиҳии Душанбе бо тавоноии 300 мегаватт, бунёди ин хатти барқ низ амалӣ гардидани орзуву ормонҳои мардуми моро, ки қаблан зикр кардам, боз ҳам наздиктар хоҳад сохт.

Лаҳзаи басо хотирмон аст, ки якҷоя бо оғози бунёди хатти интиқоли барқ мо рамзан ба сар кардани сохтмони панҷ мактаби дигар дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои дигари кишвар санги асос мегузорем. Ин амр, аз як ҷониб, бо муассисаҳои навбунёди илму маърифат таъмин намудани аҳолии кишвар бошад, аз ҷониби дигар нишонаи таваҷҷуҳи ҳамарӯзаи Ҳукумати кишвар ба тарбияи наслҳои давраи истиқлолият аст, ки дар роҳи татбиқи барномаҳои ояндаи мо нақши калидӣ хоҳанд дошт.

Шоистаи зикр аст, ки ин панҷ мактаб дар маҷмуъ 7700 ҷои нишаст дар ду баст дошта, ба маблағи наздик ба 80 миллион сомонӣ сохта мешавад.

Итминони комил дорам, ки бунёди хатти интиқоли барқи баландшиддати 550-киловолта дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва мактабҳои зикршуда, ки аз ҷониби Корпоратсияи соҳибноми хитоии «Ти Би Эй» роҳандозӣ карда мешавад, дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд ба иҷро расида, боз як намунаи сатҳи баланди ҳамкории бунёдкорона ва рӯ ба густариши Тоҷикистону Чин хоҳад шуд.

Аз ин рӯ, дар фарҷом мехостам ба ин муносибат ба шарики боэътимоди стратегиамон – Ҷумҳурии Халқии Хитой арзи сипос намуда, ба муҳандисону бинокорон, барқчиён ва ҳамаи онҳое, ки дар раванди сохтмону баҳрабардории ин иншооти муҳим саҳм мегузоранд, саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу намоям.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520