Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан

30.04.2015 10:37, шаҳри Душанбе

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йорданро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкориву ҳамшарикии Тоҷикистону Швейтсария изҳори қаноат карда, аз ҷумла чунин гуфт: “Мо Швейтсарияро яке аз шарикони муҳими худ дар қитъаи Аврупо медонем ва ба он таваҷҷуҳи махсус дорем”.

Намояндагии ягона доштани Тоҷикистону Швейтсария дар Шӯроҳои Директорони иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор нишонаи возеҳи ҳамшарикии судбахш номида шуд.

Ба заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ низ баҳои баланд дода шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар соли 2014 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар ба 480 миллион доллари амрикоӣ расид ва ин нисбат ба соли 2013 5,8 баробар зиёд аст.

Ҳамчунин ба саҳми Швейтсария дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, ки ба таъмини суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона гардидаанд, баҳои баланд дода шуд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки имконоти истифоданашуда барои густариши бештари ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ҳанӯз хеле зиёд аст.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии амиқи худро ба рушди бештари муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахш, аз ҷумла дар самти коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунии бӯҳронӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, таъкид доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520