Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо директорони иҷроияи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ

16.05.2015 11:05, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон директорони иҷроияи гурӯҳи Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории судбахш, аз ҷумла доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва мусоидат ба коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар ва қарорҳои Шӯрои директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ оид ба механизмҳо ва ташаббусҳои зиддибӯҳронӣ зоҳир гардид.

Изҳори бовар карда шуд, ки тадбирҳои муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва дигар муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ ба коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна мусоидат мекунанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ асосан дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт, аз ҷумла дар бахшҳои воқеии иқтисодӣ чун саноат, кишоварзӣ, беҳсозии инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ ва ғайра сурат мегирад. Ҳоло дар Тоҷикистон 21 лоиҳа бо маблағгузории гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки маблағи умумиаш 323 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

Яке аз лоиҳаҳои калонҳаҷм ва бисёр судбахш, ки Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ дар он ҳамкории босамар доранд, лоиҳаи минтақавии бунёди хатти барқии 500-киловолтаи CASA-1000 мебошад, ки интиқоли нерӯи барқро аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон дар назар дорад ва то соли 2018 бояд фаъол гардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520