Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ

22.05.2015 10:49, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ ва пурмасъулияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои таъиншударо, ки аксарият мутахассисони ҷавону кордон ва ояндадор, соҳиби обурӯю эътибор ва донандагони на кам аз 2 забони хориҷӣ мебошанд, ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба нафъи халқу Ватан ҳидоят намуд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти судӣ чунин тағйироти кадрӣ амалӣ гардид:

Соқизода Раҳмон аз вазифаи раиси Суди шаҳри Хоруғ озод гардида, раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шуд.

Амонулло Мукаиршо аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод ва раиси Суди шаҳри Хоруғи ВМКБ таъин гардид.

Назриев Муҳаммадвалӣ Сарабекович аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод ва раиси Суди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шуд.

Бобоҷонзода Аъзамҷон Абдуазиз аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод ва ба вазифаи раиси Суди ноҳияи Ишкошими ВМКБ таъин гардид.

Ҷумъахонзода Рустам Ҷумъахон судяи Суди ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шуд.

Бойзода Темур Гулбой аз вазифаи раиси Суди ноҳияи Фархор озод ва муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон таъин гардид.

Мирзозода Муҳаммад, ки то ин вақт судяи Суди вилояти Хатлон буд, раиси Суди ноҳияи Фархор таъин карда шуд.

Қурбонзода Анвар Акобир аз вазифаи муовини якуми раиси Суди шаҳри Қурғонтеппа озод ва раиси Суди ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ таъин карда шуд.

Расулов Муҳаммад аз вазифаи муовини директори маркази таълимии судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва судяи Суди шаҳри Норак таъин гардид.

Бобоҷонов Исрофил Ҳусейнович аз вазифаи раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ озод ва муовини якуми раиси Суди вилояти Суғд таъин карда шуд.

Сангинзода Хуршед Алӣ аз вазифаи раиси Суди ноҳияи Шаҳристон озод ва раиси Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин гардид.

Ваҳҳобзода Содиқҷони Абдулҳай аз вазифаи судяи Суди вилояти Суғд озод ва раиси Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин карда шуд.

Ҳафиззода Тоҷиддин Миралӣ аз вазифаи муовини якуми раиси Суди шаҳри Исфара озод ва раиси Суди шаҳри Исфара таъин гардид.

Элов Дустмурод Илёсович, ки то ин вақт судяи Суди шаҳри Норак буд, раиси Суди ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд таъин карда шуд.

Ёдгорзода Наргис Юнусӣ аз вазифаи муовини якуми раиси Суди шаҳри Конибодом озод ва раиси Суди шаҳри Қайроққум таъин гардид.

Комилов Илҳомҷон Саидаҳмадович, ки то ин вақт муовини якуми раиси Суди шаҳри Хуҷанд буд, раиси Суди ноҳияи Шаҳристон таъин карда шуд.

Муродализода Суҳроб аз вазифаи муовини раиси Суди шаҳри Хуҷанд озод ва муовини якуми раиси Суди ҳамин шаҳр таъин гардид.

Раҳимзода Хисрав Абдурраҳмон, ки то ин вақт судяи Суди шаҳри Хуҷанд буд, муовини раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе таъин карда шуд.

Гиёев Исмон Қурбонович, ки судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин гардид.

Рушанзода Суҳроб Рушан аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод ва муовини якуми раиси Суди ноҳияи Сино таъин карда шуд.

Мавлонзода Алишер аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озод ва муовини якуми раиси Суди ноҳияи Фирдавсӣ таъин гардид.

Мирзозода Исроил Шоимардон аз вазифаи раиси Суди ноҳияи Варзоб озод ва раиси Суди ноҳияи Ҳисор таъин карда шуд.

Шоев Исроил Назаралиевич, ки раиси Суди шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд буд, раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин гардид.

Воҳидзода Раҷабалӣ Ғанӣ, ки то ин вақт судяи Суди шаҳри Душанбе буд, раиси Суди ноҳияи Варзоб таъин карда шуд.

Камолзода Сайфиддин Исмон аз вазифаи раиси Суди ноҳияи Файзобод озод ва раиси Суди шаҳри Ваҳдат таъин гардид.

Раҷабов Саидҷон Қудратович аз вазифаи судяи Суди шаҳри Душанбе озод ва раиси Суди ноҳияи Файзобод таъин карда шуд.

Саидзода Марзия Файзалӣ, ки судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе буд, раиси Суди шаҳри Роғун таъин гардид.

Расулзода Нуриддин Ғафор, ки то ин вақт судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, муовини якуми раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Завқизода Солеҳ Ямин директори маркази таълимии судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раупова Манзура Турсуновна, ки то ин вақт мудири бахши назорати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, муовини директори маркази таълимии мазкур таъин гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан Комилзода Абдувалӣ Ҳаким аз вазифаи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шамсиддинзода Саидмуҳаммад аз вазифаи директори генералии ҶСК “Тоҷиктрансгаз”, Бобоназаров Шарофиддин Ҷӯрақулович аз вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рабиев Неъматҷон Зайниддинович аз вазифаи сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд. Ҳамчунин бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби расидан ба синни нафақа Ализода Ҳуриннисо Юсуфӣ аз вазифаи муовини директори муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон озод гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд:

- Аҳмадов Ҷамшед Ҷалолович – раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Файзуллоев Нусратулло Қудратуллоевич – сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Валиев Баҳриддин Сироҷович – директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Каримов Ҷамшед Абдураҳмонович – муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Амирбекзода Ҳабибулло – муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Олимӣ Марҳабо Латифзода – муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, (номбурда то ин вақт муовини раиси ҳамин кумита буд);

- Лашкарбекова Зулфия Давлатназаровна - муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (то ин вақт директори маркази таълимии калонсолони шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд);

- Икромов Фазлиддин Маҳмазоитович – сардори Хадамоти давлатии зотпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Бақоева Сайрам Абдусатторовна – муовини якуми директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд:

- Маҳмудов Гадобек Буриевич – муовини директори муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон;

- Раҷабова Салима Советовна - муовини директори муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Комилзода Шариф бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон озод карда шуд.

Султонзода Мирзо Султон аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, директори корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд:

- Малиев Баҳром Ҳикмонович – директори ҷамъияти саҳомии кушодаи “Саноатсоз”-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Ҳомидов Дилшод Шарифович - директори ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шаҳрофар”-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Сорбон Зарнигор – директори муассисаи давлатии маркази таълимии “Чароғи ҳидоят” барои ятимдухтарони назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Ашуров Саидҷаъфар Ашурович – Директори радиои Ховар дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Бобоназаров Шарофиддин Ҷурақулович – директори институти давлатии лоиҳакашии заминсозии “Тоҷикзаминсоз”-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Шамсиддинзода Саидмуҳаммад ва Бобоев Бахтиёр Сафарович – директорони ҷониби Тоҷикистон дар Шӯрои директорони ширкати “Trans-Tajik Gas Pipeline Company Limited”.

Дар мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар мувофиқа бо Президенти мамлакат чунин таъиноти кадрӣ амалӣ гардид:

- Шамсзода Абдуҷаббор Саймумин – сардори раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон;

- Содиқзода Раҷабалӣ Мираҳмад – сардори раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура;

- Зоирзода Комилҷон Амонқул – сардори раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои иқтисодӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ;

- Амирзода Давлаталӣ Раҳмоналӣ – прокурори ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон;

- Мирзозода Суннатулло Сироҷиддин - прокурори ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон;

- Раҳмонзода Аҳмадҷони Футур - прокурори ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон;

- Давлатзода Ҳусейн Ҳамид - прокурори шаҳри Истаравшани вилояти Суғд;

- Ҳусейнзода Улфат Умед – прокурори ноҳияи Спитамени вилояти Суғд;

- Имомзода Нуриддин Холмуҳаммад - прокурори ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд;

- Раҷабзода Рустам Тағоймурод - прокурори шаҳри Чкалови вилояти Суғд;

- Раҳмон Умедҷон Нуриддин – прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе;

- Азиззода Сафо Саид - прокурори ноҳияи Файзобод;

- Аминзода Мирзо Хайбар – прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520