Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

04.06.2015 09:48, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии худ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси амалкунандаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз ҷумла изҳор дошт: “Бояд таъкид намуд, ки фаъолияти Шӯрои вазирони мудофиаи ин созмон ҳамеша мавриди дастгирии сарони давлатҳо қарор дорад ва мо аз сохторҳои дифоӣ кори бештар сайқалёфтаю ҳамоҳангшударо барои таҳкими амнияту суботи кишварҳоямон мунтазирем”.

Гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, афзоиши таҳдидҳо аз ҷониби унсурҳои терроризму ифротгароии фаромиллӣ ва амалӣ намудани тадбирҳои муассири муштарак барои пешгирӣ аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ба хусус дар самти ҷануби он, сурат гирифт.

Изҳори бовар карда шуд, ки иҷрои пурра ва босифати қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба расондани кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон яке аз тадбирҳои муассири пешгирикунанда аз хатарҳои эҳтимолӣ хоҳад буд.

Ҳамчунин доир ба масоили афзалиятноки раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули назар сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520