Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири мудофиаи Федератсияи Русия Сергей Шойгу

04.06.2015 10:46, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин вазири мудофиаи Федератсияи Русия Сергей Шойгуро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Русия дар асоси санадҳои дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи бештар ба авзои кунунии минтақа, хусусан шиддати вазъият дар шимоли Афғонистон ва масоили вобаста ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя зоҳир гардид.

Дар ин робита доир ба навсозии техникии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки яке аз тасмимҳои муҳими дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар соҳаи ҳамкории мудофиавӣ мебошад, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳамгироии ҳамоҳангшудаи сохторҳои қудратию низомии Тоҷикистон бо Пойгоҳи ҳарбии 201-и Федератсияи Русия бояд тақвият ёбад.

Ҳамчунин доир ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии Русия ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520