Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

05.06.2015 09:54, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муборизаи муштарак бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, ба мисли терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои иттилоотӣ дар фазои кибернетикӣ, баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шиддат гирифтани авзои иҷтимоию сиёсӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Афғонистон ва як қатор давлатҳои мусулмонӣ ва таъсири манфии чунин вазъият ба минтақаи мо, изҳори нигаронӣ карда, таъкид бар он дошт, ки “сохторҳои дахлдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барои дарёфти роҳҳои пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ ва муборизаи беамон бо зуҳуроти он бояд пайваста ҷаҳду талош дошта бошанд”.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон пайомадҳои ифротгароию терроризми сиёсиро ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта аз сар гузарондааст ва мардуми кишвар даҳшатҳои чунин зиддиятҳои хунинро хуб дар хотир доранд ва имрӯз барои нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва таъмини рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодӣ аз тамоми имкону захираҳо бояд пурсамар истифода бурда шавад.

Изҳори бовар карда шуд, ки натиҷаҳои ҳамоиши навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе ба таҳким ва густариши минбаъдаи заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамгироӣ барои таъмини сулҳу амният дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат мекунад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520