Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти матбуотӣ пас аз анҷоми музокироти байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон

13.07.2015 12:51, шаҳри Душанбе

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷаноби Олӣ Нарендра Модӣ идомаи босамари муколамаи байнидавлатии ду кишвари дӯст аст. Марҳалаҳои муҳими қаблии он моҳи сентябри соли 2012 дар чаҳорчӯбаи сафари давлатии инҷониб ба Ҳиндустон ва моҳи апрели соли 2013 дар доираи сафари расмии Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон сурат гирифта буданд.

Мо аз он қаноатмандем, ки байни роҳбарияти ду давлат сатҳи баланди эътимод ва ҳамраъйӣ таъмин гардида, ҳамкории дуҷониба ва чандҷониба пайгирона густариш меёбад.

Дар ҷараёни сафари расмии кунунӣ мулоқоти хоссаи муфассал бо Ҷаноби Олӣ Нарендра Модӣ ва музокироти ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб дар фазои дӯстона ва созанда сурат гирифтанд. Мавзӯи умдатарини ин мулоқоту музокироти анҷомёфта арзёбии ҳамаҷонибаи вазъи мавҷудаи муносиботу ҳамкориҳо ва пайдо намудани роҳҳову василаҳои нави рушду тавсеаи равобити дуҷониба буд.

Илова ба 59 санади дуҷонибаи мавҷуда, ки то сафари расмии мазкур асоси қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро ташкил медоданд, имрӯз боз як силсила санадҳои дуҷонибаи нав ба имзо расиданд, ки дар фароянди татбиқи амалии имконоти фаровони истифоданаёфтаи густариши ҳамкории гуногунарсаи ду кишвар қадами заруру муҳим аст.

Айни замон дар мулоқоти мо таъкид шуд, ки баҳри дар солҳои ояндаи наздик ба таври назаррас густариши тоза ёфтани ҳамкории судманди Тоҷикистону Ҳиндустон ҳар ду ҷониб бояд барои иҷрои созишномаҳо ва аҳду паймони моҳи сентябри соли 2012 дар Деҳлӣ ҳосилгашта саъю талош намоянд.

Мехостам ин ҷо бори дигар дӯстони ҳиндустонии худро мутмаин созам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду таҳким ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Ҳиндустон самимона манфиатдору алоқаманд буда, дар пешбурди ин самти муҳими фаъолияти байнидавлатиаш саъю эҳтимоми худро дареғ нахоҳад дошт. Мо комилан омодаи он ҳастем, ки ҷиҳати истифодаи пурсамари имконоти бузурги ҳамкории гуногунсоҳаи ду кишвар тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ созем.

Зиёда аз ин, ҷониби Тоҷикистон ҳамоно хоҳони ба сатҳи сифатан наву баланд баровардани ҳамкориҳояш бо Ҳиндустон дар соҳаи ҷалби сармояҳо мебошад.

Мо омодаем, ки фаъолияти сармоягузорони Ҳиндустонро дар ин бахш, аз ҷумла дар заминаи кори чор минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон, минбаъд низ пуштибонӣ намоем.

Захираҳо ва имконоти васеи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, инфрасохтор, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, туризм, илму маориф, фарҳанг ва ғайра мавҷуданд.

Ду кишвар метавонанд дар муддати кӯтоҳ ҳаҷми мубодилаи молро ба маротиб бештар намоянд.

Зарфияти бахши бунёди корхонаҳои муштарак имконият медиҳад, ки аз ҳисоби он ҳамкориҳои амалӣ, аз ҷумла бо дарназардошти саноати пешрафтаи коркард, сабук, хӯрокворӣ ва технологияҳои иттилоотии Ҳиндустон, зуд рушду тавсеа ёбад.

Ҳар ду ҷониб дар раванди музокирот зарурати густаришу таҳкими ҳамкории минтақавиро таъкид намуданд. Дар ин иртибот мавзӯоти муҳиму мубрами минтақавӣ мавриди арзёбӣ ва табодули афкор қарор гирифт. Бояд махсус таъкид намуд, ки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба масъалаҳои амнияту субот, мубориза бар зидди зуҳуроти терроризму экстремизм, кочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва зарурати тақвияти ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дидгоҳи яксон доранд.

Мо мувофиқ бар он будем, ки баъд аз хурӯҷи неруҳои асосии эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон ва дар вилоятҳои шимолии он маскан гирифтану фаъол шудани гурӯҳҳои мухталифи террористию экстремистӣ пайдо намудан ва ба кор гирифтани роҳҳои муассири ҳалли қазияи Афғонистон ва истиқрори ҳаёти комилан осоишта дар қаламрави он ҳамоҳангии бештари фаъолиятҳои муштараки Тоҷикистону Ҳиндустонро тақозо менамоянд.

Дар ин робита зарурати фаъолгардонии гурӯҳҳои кории дуҷониба оид ба мубориза бо терроризм ва ҳамкориҳои низомӣ ва Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои гуногунарса бори дигар мавриди таъкид қарор гирифт.

Мо ҷониби Ҳиндустонро бо оғози раванди шомилшавии ин кишвари дӯст ба Созмони ҳамкории Шанхай табрик мегӯем. Тоҷикистон ҳамеша аз ин раванд пуштибонӣ мекард ва мо имрӯз аз натиҷаҳои амалии он хурсандем.

Умедворам, ки сафари Ҷаноби Олӣ ба раванди муносиботи судманди ду кишвари дӯсту ҳамшарик такони мусбати ҷиддӣ хоҳад дод ва аз лиҳози таъмини дурнамои неки ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ҷои шоистаеро хоҳад гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520