Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқот ва музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ҳиндустон

13.07.2015 12:50, шаҳри Душанбе

Баррасии масоили вобаста ба таҳкими муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории судбахши Тоҷикистону Ҳиндустон нахуст дар мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ оғоз ёфта, зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ бори дигар хайра мақдам гуфта, аз сатҳ ва муҳтавои муносиботи ду кишвари дӯст изҳори қаноат кард.

Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ бо таваҷҷуҳ ба мақоми муносиби Тоҷикистон дар муносиботи хориҷии кишвараш изҳори бовар намуд, ки сафари давлатиаш ба Тоҷикистон дар роҳи таҳким ва густариши робитаҳои ду кишвар нақши намоён мегузорад.

Аз вуҷуди заминаи хуби қарордодию ҳуқуқии миёни Тоҷикистону Ҳиндустон, ки иборат аз қариб 60 санади байниҳукумативу байниидоравӣ мебошад, изҳори қаноат карда шуд.

Барои татбиқи босамари санадҳои амалкунанда ва тавсиаи робитаҳои судбахши минбаъда фаъолияти бештари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмиву техникӣ зарур дониста шуд.

Бо ёдоварӣ аз натиҷаҳои хуби ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа ва энергетика, ҳамзамон изҳори бовар карда шуд, ки минбаъд робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ низ тавсиаи бештар пайдо мекунанд. Таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва иштироки ширкатҳои Ҳиндустон дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон аз ҷумла роҳҳои густариши робитаҳои иқтисодӣ номида шуд.

Ба рушди ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои калонмиқёси нақлиётию энергетикӣ, ки ба пайвастани шабакаҳои минтақавии барқӣ ва ҳамлу нақлии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ нигаронда шудаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои амнияту мудофиа, аз ҷумла дар самти муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ аз низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Ҳамчунин доир ба як зумра масоили дигари минтақавию ҷаҳонӣ дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ се санади нав дар соҳаҳои гуногун, аз қабили дар бахшҳои сиёсат, маориф ва фарҳанг ба имзо расонида шуд. Аз ҷумла: Баёнияи муштараки Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бораи густариши шарикӣ; Созишнома тариқи мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба таъсиси лабораторияҳои компютерӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон; Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар барои солҳои 2016-2018 имзо шуданд.

Бояд гуфт, ки ба имзо расидани ин санадҳои нав дар фароянди татбиқи амалии имконоти фаровони истифоданаёфтаи густариши ҳамкории гуногунарсаи ду кишвар қадами заруру муҳим хоҳад буд.

Зимни изҳороти матбуотӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ ба натиҷаҳои мулоқоту музокирот ва дурнамои робитаҳои ду кишвари дӯст баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки "мо аз он қаноатмандем, ки байни роҳбарияти ду давлат сатҳи баланди эътимод ва ҳамраъйӣ таъмин гардида, ҳамкории дуҷониба ва чандҷониба пайгирона густариш меёбад".

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520