Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар Форуми кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон

13.07.2015 14:58, шаҳри Душанбе

Ҷаноби Олӣ, Сарвазири муҳтарами Ҷумҳурии Ҳиндустон
Нарендра Модӣ,
Меҳмонони олиқадр,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Бори дигар сарфарозам дар ҳузури гиромии шумо меҳмони азизи Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Нарендра Модиро самимона хайрамақдам бигӯям.

Ба ҷаҳониён маълум аст, ки пайвандхои ду кишвари мо бар қаробати таърихӣ ва фарҳангии мардумони куҳанбунёд ва арзишҳои оламшумуле, ки аз баҳри беканори одоби мондагор, фалсафаи инсондӯстӣ ва ҷаҳонбинии ростину фарохи аҷдоди мо маншаъ мегиранд, асос меёбад.

Маҳз дар чунин рӯҳияи самимӣ мо ин субҳ бо Ҷаноби Олӣ, Нарендра Модӣ маҷмӯи васеи масъалаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ кардем ва бори дигар тааҳҳудоти худро барои андешидани тадбирҳои лозим ҷиҳати табдили муносибатҳои дуҷониба ба шарикии стратегии гуногунҷанба дар ростои манфиатҳои мутақобили мардумони кишварҳоямон таъкид намудем.

Бо дарназардошти ҳамсоягии наздики кишварҳои мо, дар дурнамои наздик робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон бояд ҷавобгӯи иқтидори ҳамкориҳои мо бошанд.

Аз ин лиҳоз ба ҳамраисони Комиссияи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ дастур дода шуд, ки дар ҷаласаи навбатии худ, ки дар соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бояд баргузор гардад, стратегияи рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва сармоягузориро таҳия намоянд ва ҷиҳати мусоидат ба ҳамкории доираҳои соҳибкорӣ кадамҳои мушаххасро муайян созанд.

Дар суҳбате, ки мо имрӯз бо Ҷаноби Олӣ доштем, ба аҳамияти кишоварзӣ дар иқтисодиёти ҳарду кишвар ва зарурати тавсеаи ҳамкориҳо дар ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Пӯшида нест, ки Ҳиндустон дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла пажуҳиш, рушд ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ пешравиҳои қобили таваҷҷуҳ дорад. Таҷрибаи ин кишвар шоистаи омӯзиш аст ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз сиёсати кишоварзии Ҳиндустон пайравӣ мекунанд.

Аз лиҳоз, мо аз ҳама гуна иқдомҳои судманду муштарак ҷиҳати рушди ҳамкориҳо бо Ҳиндустон дар соҳаи кишоварзӣ, ба хусус ҷалби бештари ширкатҳои Ҳиндустон ба соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ворид намудани фанновариҳои нав ва усулҳои пешрафтаи тадқиқотӣ дар ин соҳаи ҳаётан муҳимми иқтисодиёти миллӣ истиқбол мекунем.

Анҷумани имрӯза, ки бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, коршиносони марказҳо ва созмонҳои тадқиқотӣ, ширкатҳои хусусӣ ва соҳибкорони бонуфуз доир мегардад, маҳз барои расидан ба чунин ҳадафи наҷиб созмон дода шуд. Умедворам, ки натиҷаҳо ва созишномаҳое, ки дар рафти Анҷуман ҳосил мешаванд, мавриди иҷрои амалии ҳарду ҷониб қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамкориҳо дар ин соҳа бевосита ҷузъи тадбирҳои муассири Ҳукумат дар самти таъмини амнияти озуқавории кишвар ва расидан ба яке аз се ҳадафи стратегии рушди миллӣ мебошад.

Мехостам таъкид намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар имкониятҳои васеи иқтисодӣ дорад.

Ҳоло дар Тоҷикистон тарҳу лоиҳаҳое ба маблағи ҳафту ним миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодаанд. Қонунгузории кишвари мо зиёда аз чил номгӯи кафолату имтиёзҳоро дар иртибот ба андозбандӣ ва фаъолияти гумрукӣ муқаррар намудааст.

Шароити мусоиди иқлим ва табиати мамлакат, ки дорои офтобу оби фаровон, инчунин водиҳои ҳосилхез барои парвариши меваю сабзавот ва маҳсулоти босифат мебошад, барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ имконияти ҳамаҷониба фароҳам овардааст.

Вақтҳои охир дар кишвар дар асоси барномаҳои махсуси давлатӣ комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла сабзавоткорӣ ва боғдорӣ рушд ёфта, содироти меваҳои тару тоза ва хушк ба кишварҳои дигар рӯ ба афзоиш аст.

Роҳандозии ҳамкориҳои васеи байналмилалӣ дар арсаҳои мазкур ва инчунин бунёди корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди пашм ва пӯст, пахтакорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ, чорвопарварӣ, замбӯрпарварӣ ва азхудкунии заминҳои нав ниёз ба ҷалби технологияи инноватсионӣ ва сармоя доранд.

Аз ин лиҳоз, соҳаҳои мазкур ва инчунин коркарду нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ба хотири афзоиши иқтидори содиротии кишвар аз ҳисоби маҳсулоти аз лиҳози экологӣ пок ва корхонаҳои муштараки нассоҷӣ бояд дар ояндаи наздик аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон бошанд.

Умедворам, ки дар ростои талошҳои муштарак ба тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар такони тоза хоҳем бахшид.

Ба ҳамаи шумо саломатӣ, хушнудӣ ва комёбиҳои рӯзафзун орзумандам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520