Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва мулоқот бо фаъолон

31.07.2015 09:36, шаҳри Хоруғ

Рӯзи 4-уми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи рӯзи 31-уми июл дар шаҳри Хоруғ аз шиносоӣ бо дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз ёфт.

Баъди истиқболи самимӣ дар даромадгоҳи Боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намоиши дастовардҳо ва ҳунарҳои миллиро тамошо кард.

Намояндагони ҳамаи ноҳияҳои вилоят намунаи ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, дастовардҳои корхонаҳои саноатӣ, соҳаи тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ, маводҳои ороиширо аз сангҳои қимматбаҳо ба маъраз гузоштанд.

Гушаҳои алоҳидаи намоишгоҳ махсус ба ҳунарҳои қадимаи мардуми кӯҳистони Бадахшон бахшида шуда буд, ки дар он аз сангҳои ороишӣ сар карда, то таомҳои миллӣ, сару либос ва асбобоҳои мусиқию гиёҳҳои шифобахш пешкаш гардид.

Ҳамчунин дар гӯшаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар тариқи расму харитаҳо марказҳои фароғатӣ, таърихӣ, истироҳатгоҳҳо, чашмаҳои шифобахш, гулгашту хиёбонҳо ва дигар мавзеъҳои тамошобоб ба намоиш гузошта шуд.

Зимни шиносоӣ бо дастовардҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва сокинон барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, бо сифати баланд истеҳсол ва ба хориҷ содирот кардани меваҷот, обҳову гиёҳҳои шифобахш, бастабандии гиёҳҳо, тараққӣ додани соҳаи мурғпарварӣ, қутоспарварӣ, моҳипарварӣ, афзоиши саршумори бузҳои ангорӣ барои истеҳсоли пашму ришта ва бо ин роҳ таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди бахши занбуриасалпарварӣ дастуру ҳидоятҳои судманд дод.

Дар намоишгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии вилоят супориш дод, ки барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон бояд тамоми шароит муҳайё карда шавад, аз ҷумла бунёди меҳмонхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, истеҳсоли маҳсулоти ороишӣ аз сангҳои қимматбаҳо, омода кардани ҳамаи маводҳои иттилоотонӣ бо забонҳои хориҷӣ, тайёр кардани мутахассисони ботаҷриба барои қабули меҳмонон аз кишварҳои хориҷ. 

Дар рафти шиносоӣ аз намоишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари дасти бонуҳои чирадаст, баромади ҳунармандон аз ансамблҳои оилавӣ,  дӯзандагони моҳир ва қолинбофон баҳои баланд дод.  

Дар Боғи марказии шаҳри Хоруғ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо дастовардҳои бахшҳои хоҷагии халқ бо роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногуни Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мулоқот кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520