Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев

31.08.2015 09:18, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам, Алмазбек Шаршенович,

Солгарди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Қирғизистон ба ман имконияти хуберо фароҳам овардааст, ки Шумо ва тамоми мардуми кишваратонро бо ин рӯйдоди муҳим табрик намоям.

Мутмаинам, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонаи байни кишварҳоямон, ки дорои таърихи бисёрасра ҳастанд, дар оянда низ ба манфиатҳои халқҳоямон инкишоф ва таҳким меёбанд.

Тоҷикистон омода аст робитаҳои зичу асоснокро, ки бо принсипҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод асос ёфтаанд, бо Қирғизистон роҳандозӣ намуда, ният дорад барои густариши устувор ва динамикии ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳарду ҷониб тамоми корҳои заруриро анҷом диҳад.

Ба Шумо, муҳтарам Алмазбек Шаршенович, сиҳатмандӣ ва комёбиҳои минбаъда, орзу намуда, ба халқи бародари қирғиз тамоми хушиву шукуфоиро таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520