Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сайераи хурди системаи офтобӣ ба номи Тоҷикистон номгузорӣ гардид

01.09.2015 09:02, шаҳри Кӯлоб

Имрӯз  дар Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ Президенти Академияи Илмҳои Ҷумҳурӣ Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Шаҳодатномаи расмиро доир ба номгузорӣ гардидани Сайераи хурди системаи офтобӣ ба номи Тоҷикистонро супорид. Қарори мазкур соли ҷорӣ боназардошти саҳми назарраси олимони тоҷик дар рушди астрофизикаи ҷаҳонӣ ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ аз тарафи Иттиҳоди байналмилалии астрафизикон қабул гардидааст.

Мадори Сайераи Тоҷикистон дар байни сайераҳои Миррих ва Муштарӣ ҷойгир буда масофаи он,  то Замин 250 миллион км ва аз Офтоб бошад 463 миллион км буда, даври гардиши он дар атрофи Офтоб панҷ сол аст. Айни замон Сайераи Тоҷикистон дар масофаи наздиктарин ба Замин ҷойгир буда,  олимони тоҷик ба омӯзишӣ хосиятҳои физикиву химиявии он ва ҷараёнҳои дар он баамалоянда машғуланд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520