Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти ширкати Зетеӣ (ZTE) Ши Ли Рон

02.09.2015 10:00, Чин

Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Презденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати Зетеӣ (ZTE) Ши Ли Рон мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни мулоқоти судманди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти ин ширкат аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуда, масъалаи рушди муносибатҳо барои истифодаи имкониятҳои нав дар самти воридот ва таҷҳизонидани технологияи пешрафтаи телекомуникатсионӣ ба соҳаи алоқаи Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки ин дуюмин ва калонтарин ширкати истеҳсолкунандаи таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ ва телефонҳои мобилӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки соли 1985 таъсис дода шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ филиали Ширкати ZTE  таъсис ёфта буд ва баъдан ҳамчун шахси ҳуқуқии алоҳида – Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «ЗТИ Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз кард.

Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди «ЗТИ Тоҷикистон» ба фаъолияти воридоти таҷҳизотҳои телекоммуникатсионӣ ва телефонҳои мобилӣ, фурӯши онҳо, таҳрезӣ ва таъсиси шабакаҳои алоқаи барқӣ, таъмини қисмҳои эҳтиётии таҷҳизотҳои соҳаи алоқа, хизматрасонии минбаъдаи техникии шабакаҳо, таъминоти барномавии шабакаи алоқаи барқӣ машғул мебошад.

Аз соли 2009 то инҷониб дар соҳаи алоқаи барқӣ иҷозатномаҳоро барои хизматрасонӣ, истеҳсол ва насби шабакаҳо, системаҳо, дастгоҳҳои алоқаи барқӣ, радиоалоқа, радиошунавонӣ ва телевизион, банақшагирӣ, сохтмон, истифодабарии шабакаҳо, воситаҳои алоқа амалӣ менамояд.

Дастгоҳи марказии Ширкат дар Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолият намуда, зиёда аз 100 филиал ва ё ширкатҳои алоҳидаро бо саҳмгузории ширкати ЗТИ дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ таъсис додаст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520