Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар гузашти низомӣ ба муносибати 70 - солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ

03.09.2015 08:44, Чин

Субҳи рӯзи 3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти низомӣ ба муносибати 70 - солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки дар маркази шаҳри Пекин доир гардид, иштирок кард.

Дар макони асосии баргузории чорабинии идона - майдони Тянанмэн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар кишварҳоро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин истиқбол гирифт.

Дар ин чорабинӣ сарони беш аз 25 давлат ва роҳбарону намояндагони воломақом аз созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок доштанд.

Пеш аз оғози чорабинӣ маросими аксбардорӣ доир шуд.

Пас аз аксбардорӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳоро барои тамошои паради ҳарбӣ ба минбари ҳукуматӣ дар майдони Тянанмэн даъват намуд.

Дар оғоз Раиси  Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин суханронӣ карда, ҳозирин ва тамоми мардуми Чинро бо анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ табрик намуд.

Дар гузашти низомӣ ҷузъу томҳои 7 округи ҳарбӣ, флоти ҳарбии баҳрӣ, неруҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ, политсияи мардумӣ ва аввалин маротиба собиқадорони артиши дуюми хушкигард, ки дар ҷанг иштирок кардаанд, ширкат варзиданд.

Дар паради ҳарбӣ ҳамчунин нахустин маротиба ҷузъу томҳои ҳарбии Тоҷикистон, Россия, Муғулистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок карданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии тантанавӣ як ҷузъи полки комендантии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии полковник Илҳом Махсумов намояндагӣ карда, бо қадамзании зебои мутантан аз назди минбари ифтихорӣ гузаштанд.

Таърих гувоҳ аст, ки барои ба даст овардани ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷавонмардони тоҷик ҳам корнамоиҳои зиёд нишон додаанд.

Бинобар ин бо нишони ҳамдилӣ низомиёни тоҷик дар қатори намояндагони Чин ва дигар кишварҳо дар паради ҳарбӣ фаъолона иштирок карданд. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520