Шоми имрӯз байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ баргузор гардид.
Сарвари Россия баъди иттилоъ ёфтан аз вазъ дар Тоҷикистон тайиди комили ҷониби Россияро бо саъю кушишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият иброз дошт.
Президнетҳои ду кишвар ба тавофуқ расиданд, ки ҳангоми вохурии сарони кишварҳои Созмони Аҳдноми Амнияти дастаҷамъӣ, ки ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, мулоқот намоянд.
Суҳбат дар фазои дӯстона ва созанда сурат гирифт.