Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат

06.09.2015 07:25, шаҳри Ваҳдат

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум,  ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоию саноатӣ ва оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар як зумра иншооти дигар ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.

Дар даромадгоҳи шаҳри Ваҳдат сокинони он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтироми хоса ва гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Боздид аз шаҳри Ваҳдат бо ифтитоҳи роҳи мошингарди шоҳроҳи Ваҳдат – Файзобод, ки ба тозагӣ навсозӣ шудааст, оғоз ёфт.

Хотиррасон бояд намуд, ки ин шоҳроҳ дар маркази    шаҳри Ваҳдат аз кӯчаи Сомониён мегузарад ва ҳаракат дар он то ин вақт яктарафа буд. Кунун пас аз навсозии куллӣ, ки тибқи дастури Президенти мамлакат сурат гирифтааст, ин роҳ бо 4 хати ҳаракат дутарафа шуд. То ин вақт ба самти муқобил мошинҳо аз кӯчаи дигар мегузаштанд. Масофаи умумии роҳи навсозӣ ва васеъшуда 1300 метрро ташкил медиҳад. Барои анҷом додани ин кор аз буҷети шаҳр 4 миллиону 800 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.

Умуман, тӯли ду соли охир аз буҷети шаҳр барои таъмиру мумфарш кардани роҳҳои маҳаллӣ, чароғон кардани кӯчаҳои марказии шаҳр ва дигар тадбирҳои ободонӣ зиёда аз 12 миллиону 100 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.

То кушодашавии роҳи дутарафаи ҳаракати нақлиёт  тамбашавии мошинҳо дар роҳи кӯчаи Фирдавсии шаҳри Ваҳдат ба амал меомад, ки барои ронандагон ва роҳгузарҳо монеаҳо эҷод мекард.

Инак, навсозии роҳу кӯчаҳои ҳудуди шаҳр ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардондани онҳо боиси куллан беҳтар шудани рафтуомади сокинони шаҳри Ваҳдат ба пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мегардад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520