Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сохтмони Шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат

06.09.2015 07:59, шаҳри Ваҳдат

Дар шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ оғоз бахшид.

Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, бо харҷи 30 миллион сомонӣ аз ҷониби пудратчӣ Корхонаи давлатии сохтмонии рақами 2 - и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ сохта мешавад.

Иншооти мазкур дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳр бунёд шуда, ба ғайр аз бинои асосӣ дар ҳудуди иншоот нуқтаи гузаргоҳ, таваққуфгоҳ барои мошинҳои кормандон, майдончаи варзишӣ пешбинӣ шудааст.

Дар таҳхонаи ин бино ошхона барои 55 нафар бо ошпазхона, толори варзиши бадан, ҳаммом, анборхона ва дигар утоқҳои зарурӣ бунёд мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои корҳои босифат бодарназардошти тамоми меъёрҳо ва шароити корӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520