Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода

18.09.2015 07:12, шаҳри Турсунзода

18 - уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти нав, шиносоӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ ва мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф овард.

Зимни ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода роҳи мошингарди Душанбе - Турсунзода, Бинои Ҷамъияти Саҳҳомии Пушидаи «Спитаменбонк», Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Вежа фармасевтикалс» ва Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18, Муассисаи таҳсилоти умумии рақами 119 - ро ифтитоҳ намуда, аз хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат», «Ватан» ва Боғи Сомон боздид ба амал меорад.

Дар назар аст, ки баъди ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳр оид ба татбиқи сиёсати ҳукумати кишвар ва корҳои ободонию созандагӣ мулоқоту суҳбатҳои самимӣ доир намуда, бо шароити кору зиндагии онҳо шинос шаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520