Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»

18.09.2015 13:13, шаҳри Турсунзода

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» ташриф оварда, бо дастовардҳои меҳнаткашон ва деҳқони шинохта Ҳоҷӣ Камол шинос шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин хоҷагӣ ба фаъолияти сардхонаи замонавӣ, ки дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ва нишондодҳои паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон руйи кор омадааст, асос гузошт.

Ба иттилои роҳбарияти хоҷагӣ феълан чунин сардхона дар Боғи сомон ба ҳашт адад расонида шуд. Ҳаҷми ғунҷоиши ҳар як сардхона бештар аз 50 тонна буда, бо маблағи аз 200 то 220 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст.

Дар ҳашт сардхонаи замонавӣ аз 400 то 450 тонна маҳсулот, аз ҷумла ангур нигоҳдорӣ мешавад.

Хоҷагии деҳқонии Боғи Сомон баробари парвариши васеъи навъу намудҳои гуногуни ангур, инчунин ба парвариши чорвои калону майда машғуланд.

Дар хоҷагӣ қариб 100 сар чорвои калони гуштӣ ва зиёда аз 5 ҳазор сар чорвои майда нигоҳубин карда мешавад, ки ҳамагӣ аз даромадҳои софи хоҷагӣ мебошад.

Ин хоҷагии деҳқонӣ бо бештар аз 580 гектар замин кораму боғот имрӯз зиёда аз 1100 саҳмдор дорад, ки ҳамагии онҳо қитъаи муайяни заминро ихтиёрдорӣ мекунанд. Шоликориву кишти хуроки чорво ҳам дар хоҷаги васеъ ба роҳ монда шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520