Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об»

27.09.2015 16:51, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Ҷаноби Олӣ, Ян Элиассон, Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид,
Ҷаноби Олӣ генерал Прают Чан-Оча, Сарвазири Шоҳигарии Таиланд,
Хонум Хелен Кларк, Маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Қабл аз ҳама, мехостам шуморо ба ифтихори чорабинии сатҳи баланд шодбош гӯям ва барои ширкататон дар мубоҳисаи имрӯза оид ба мавзӯи басо муҳим – «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об» - арзи сипос намоям.

Иҷозат диҳед, дар оғоз барои ташкили нишасти имрӯза ба Роҳбари кумитаи Гурӯҳи «Дӯстони об» ва хоса ба намояндагиҳои доимии Финляндия, Таиланд, ҳамчунин ба Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид миннатдории худро баён намоям.

Тавре ҳамаи шумо огаҳӣ доред, дар ҷараёни амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ҷомеаи байналмилалӣ дар мавриди дастёбӣ ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи соҳаи об, аз ҷумла дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар арсаи обу беҳдошт, ба пешрафти назаррас ноил гардид. Мо чунин мешуморем, ки ҳамаи ин дастовардҳо ба шарофати қабул кардан ва амалӣ сохтани тарзу услуби нав ва талошҳои ҳамоҳангшуда дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ имконпазир гардиданд.

Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалӣ «Об барои ҳаёт», ки 23 декабри соли 2003 тавассути қатъномаи Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон эълон гардидааст, аз мусоидат ба саъю талош барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об ва беҳдошт то соли 2015 иборат аст. Дар ин раванд рушди ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо дар маркази таваҷҷуҳ буд.

Даҳсолаи сипаригашта дар бахши об ва берун аз он замони дигаргуниҳои бузург маҳсуб меёбад. Мо беҳшавии ҳамоҳангсозиро дар сиёсати соҳаи об дар сатҳи умумиҷаҳонӣ – ҳам дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид ва ҳам дар миёни давлатҳои аъзо – мушоҳида кардем.

Огоҳӣ ва иштироки бештари глобалии ҷомеаи шаҳрвандиро дар ин раванд комёбии бузург метавон гуфт. Дар чаҳорчӯбаи Даҳсола стратегияи дарозмуҳлат ва нақшаи амалиёт дар сатҳи глобалӣ ба тасвиб расид ва муҳимтар аз ҳама, раванди сиёсӣ роҳандозӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки Даҳсола ҳамчунин ба беҳсозии амалҳои муштараки ҷонибҳои гуногуни манфиатдор дар миқёси сайёра мусоидат намуд. Он ба ҳамкорию ҳамдастии мақомоти ҳукуматӣ, ҷалб гардидани занон, ҷавонон, доираҳои соҳибкорию илмӣ ба баррасии масъалаҳои об низ такон дод.

Ба ғайр аз ин, сохтору василаҳои марбутае таъсис ёфта буданд, ки фаъолияти онҳо дар ҷараёни Даҳсола ба такмилу таҳкими ҳамоҳангсозии байниидорӣ равона гардида буд.

Хонумҳо ва ҷанобони муҳтарам,

Ҳукумати Тоҷикистон, яъне кишваре, ки ташаббускори Даҳсолаи байналмилалӣ буд, барои татбиқи амаливу бомуваффақонаи чорабиниҳои он дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ силсилаи тадбирҳо андешида буд. Ба ин хотир бо саъю кӯшиши Ҳукумати кишвари мо – дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ – дар шаҳри Душанбе чандин чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ доир гардиданд.

Дар ин росто, мехоҳам аз Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар (соли 2005, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалӣ оид ба кам кардани офатҳои табиии марбут ба об (соли 2008, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба шарҳи хулосавии миёнамуҳлати фарогири ҷараёни иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» (соли 2010, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар арсаи об (соли 2013, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд аз рӯи натиҷаҳои татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» (соли 2014, ш. Душанбе) ёдовар шавам.

Илова бар ин, бо ибтикори Тоҷикистон ва тибқи қатъномаҳои марбутаи Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба тафсири ҷараёни амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» ва ба ифтихори эълон шудани соли 2013 ба ҳайси Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об ва бистумин солгарди эълони Рӯзи байналмилалии захираҳои об дар чаҳорчӯбаи иҷлосияҳои 64-ум (соли 2010), 67-ум (соли 2013) ва 69-уми (соли 2015) Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид муколамаҳои интерактивии сатҳи баланд доир гашта буданд.

Хонумҳо ва ҷанобон,

Бо вуҷуди пешрафти муассир дар ҷодаи амалисозии Даҳсола, камбудиву мушкилоте, ки дар ҷараёни татбиқи амалии он ҷой доштанд, дар паймудани ин роҳ монеаҳои муайян эҷод сохтанд. Аз ҷумла, дар баробари комёбиҳои муҳим дар ҳалли масъалаҳои марбут ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола оид ба об, мақсаду матлабҳо дар самти беҳдошт ба иҷро нарасиданд. Ҳамзамон бо ин, натиҷаҳои мухталиф дар татбиқи амалии ин ҳадафҳо дар сатҳи минтақаҳо, кишварҳои мутараққӣ ва рӯ ба рушд, шаҳрҳо ва деҳот, кишварҳои доро ва камбизоати аҳолӣ боиси нигаронист.

Имрӯз, чун пештара, дар ҷаҳон тақрибан 750 миллион одамон ба оби тозаи ошомиданӣ ва дуюним миллиард одамон ба шароити асосии беҳдошт дастрасӣ надоранд. Тақрибан як миллиарду сесад миллион одамон аз барқ маҳруманд. Ба ҳисоби миёна ҳар сол офатҳои табиии марбут ба об ба андозаи зиёда аз 60 миллиард доллари амрикоӣ ҳисороти иқтисодӣ ворид сохта, хушксолӣ ва биёбоншавӣ манбаи воситаҳои зиндагии зиёда аз як миллиарду дусад миллион одамро дар тамоми ҷаҳон зери хавфу хатар қарор медиҳанд.

Ба ин равандҳо тағйирёбии глобалии иқлим ва вазъи демографӣ, бешубҳа, таъсири ҷиддӣ мерасонад. Мувофиқи арзёбии коршиносон то соли 2050 аҳолии сайёра зиёда аз 9 миллиард одамро ташкил дода, ин ба афзоиши мутаносиби истеъмоли об боис мегардад.

Интизор меравад, ки ба иллати таъсири тағйирёбии иқлим дар ин давра аллакай зиёда аз 50 фоизи аҳолии сайёра ба мушкилии норасоии оби ошомиданӣ дучор меояд.

Чунин вазъ аз ҷомеаи байналмилалӣ талошҳои ҳарчи бештари дастаҷамъона ва андешидани тадбирҳои фаврӣ ва дарозмуҳлатро оид ба ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда тақозо дорад.

Маҳз ба ин хотир, дар чаҳорчӯбаи Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонии об мо пешниҳод намудем, ки таҳти шиори «Об баҳри рушди устувор» Даҳсолаи нави байналмилалӣ эълон гардад. Мо итминон дорем, ки даҳсолаи нав василаи муҳимми дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об хоҳад гашт.

Шубҳае нест, ки даҳсолаи нав пешрафти дар ҷараёни Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» бадастомадаро таҳкиму тавсеа бахшида, барои муттаҳид намудани талошҳои мо оид ба ҳалли масъалаҳои об дар давраи баъд аз соли 2015 заминаи боэътимод хоҳад гузошт.

Дӯстони азиз,

Он донишу таҷрибае, ки дар ҷараёни Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» андӯхтем, ба мо имкон медиҳанд, ки ба хотири расидан ба тамоми ҳадафҳо дар арсаи об монеаҳои мавҷударо бартараф созем ва масъалаҳои боқимондаро дар доираи рӯзномаи нави рушд дар давраи баъд аз соли 2015 ҳал намоем.

Вобаста ба ин, ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба эъломи Даҳсолаи байналмилалии нав асосноку саривақтӣ медонем ва давлатҳои аъзоро даъват мекунем, ки ин ташаббусро пуштибонӣ намоянд. Фикр мекунам, ки фароҳам сохтани ҳаёти шоистаи наслҳои ояндаи мо танҳо аз тариқи андешидани тадбирҳои муштарак имконпазир аст.

Аз ин рӯ, ҷонибдории ҳамаҷонибаи ибтикороти мавҷуда барои мусоидат ба иҷрои уҳдадориҳо оид ба об дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ, ҳамчунин ҳамоҳангсозии марбутаи фаъолияти мо дар ин масир аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Дар хотима мехостам бори дигар ба ҳамаи шумо барои алоқамандиатон ба муколама оид ба муайян сохтани иқдомоти минбаъда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои идораи устувори захираҳои об ва беҳдошт ба нафъи наслҳои ояндаи мо арзи сипос намоям.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520