Президент Республики Таджикистан

Конкурс на лучший эскизный проект Архитектурного комплекса «Независимость и Свобода» в городе Душанбе

25.01.2018 15:44

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои Истиқлолият ва озодӣ, инчунин ба хотири 30 — солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни беҳтарин лоиҳаи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ»-ро дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе эълон менамояд.

Озмун дар як давр гузаронида шуда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ метавонанд озодона дар он иштирок намоянд.

Довталабоне, ки дар озмуни мазкур ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд аз санаи 1 феврал то 30 апрели соли 2018 лоиҳаи ангоравии худро бо қайди «Барои озмун» ва нишон додани ному насаб, рамз ва суроға дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода) сабти ном кунанд.

Тартиби баргузории озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» ва ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявии озмун дар воситаҳои ахбори омма интишор мешавад.

Барои беҳтарин лоиҳаи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» маблағи пулӣ муқаррар шудааст.

facebook
twitter
Новости
Все новости
 
Продолжение
 
Продолжение
Продолжение
Письмо Президенту
В соответствии с требованиями статьи 21 Закона Республики Таджикистан «Об обращениях физических и юридических лиц», письменные и электронные обращения, в которых не указаны фамилия, имя, отчество физического лица, сведения о месте его проживания или полное наименование юридического лица, адрес его места расположения, или сведения не соответствуют действительности, а также представлены без подписи (цифровой электронной подписи), считаются анонимными и рассмотрению не подлежат, если в них не содержатся сведения о готовившемся или совершенном преступлении.
Image CAPTCHA
© Пресс служба Президента Таджикистана
Тел/Факс.: (+992 37)2212520