10 январ чанд амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод ва таъин роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин се ноҳияи вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҷиргатол ба имзо расид.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш Сайдамир Зуҳуров аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Азимов аз вазифаи Раиси Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, ба ин вазифа Сайдамир Зуҳуров таъин карда шуд.
Ҳамзамон бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Абдураҳмон Азимов аз вазифаи Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, генерал-полковник Сайдамир Зуҳуров Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан генерал-майори милиса Давлатназар Булбулшоев аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сироҷ Муродов аз вазифаи муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои Зууракан Давлаталиева Аслонбек Абдураҳмонов иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ҷиргатол, ба ҷои Мусоябшо Назриев Абдуғаффор Раҳмонов иҷрокунандаи раиси ноҳияи Қумсангир, ба ҷои Сироҷиддин Наҷмуддинов, Ҳабибулло Саъдуллоев иҷрокунандаи раиси ноҳияи Колхозобод ва ба ҷои Сайвалӣ Нуров Таваралӣ Давлатов иҷрокунандаи раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон таъин гардиданд.
Худи ҳамин рӯз бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Азимов мудири шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.