Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сайёҳӣ

Тавре ки маълум аст, соҳаи туризм ҳамчун яке аз самтҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳон ва феномени иқтисодии асри ХХ эътироф гаштааст.

Дар бештар кишварҳо туризм дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди туристони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Аз рӯзҳои аввали шомил шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ (СУТ) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо ин ташкилот ба роҳ монд. Моҳи майи соли 2010 Котиби Генералии СУТ ҷаноби Т.Рифаӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бо як қатор масъулини вазорату идораҳои мамлакат вохӯриҳои судманд анҷом дод. Вобаста ба ҳамкориҳои судманд байни мақомоти ваколатдор дар соҳаи туризм ва СУТ Меморандуми ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм имзо гардид.

Барои ҷалби мунтазами гурӯҳҳои туристии нав ба кишвар ва муаррифии захираҳои туристии мамлакат дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонии соҳавӣ соли 2008 нахустин маротиба дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи туристии “Тоҷикистон - кишвари туризм” дар масоҳати 200 метри мураббаъ бо ҷалби тамоми ширкатҳои туристӣ ва минтақаҳои дорои захираҳои туристӣ ташкил карда шуд.

Бо мақсади ба ҷараёни ҷаҳонии туризми байналмилалӣ шомил намудани Тоҷикистон, аз соли 2008 масъулини соҳаи туризм дар намоишгоҳҳои калонтарини сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳрҳои Берлин (Олмон), Токио (Япония) ва Лондон (Британияи Кабир) баргузор мегарданд, иштирок менамоянд. Дар натиҷа имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонии туристӣ ҳамчун кишвари дорои 4 пайраҳаи Шоҳроҳи абрешим эътироф гардидаст.

Дар ин давра бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати кишвар оид ба истифодаи самараноки захираҳои об аз соли 2009 дар доираи Барномаи «Об барои ҳаёт» ҳамасола экспедитсияи байналмилалӣ барои фатҳи қуллаҳои «Исмоили Сомонӣ» ва «Озодӣ» ташкил ва баргузор мегардад.

Дар экспедитсия кӯҳнавардон аз давлатҳои мухталифи ҷаҳон, аз қабили Франсия, Испания, Шветсия, Венгрия, Булғористон, Литва, Украина, Россия ва дигар кишварҳо фаъолона ширкат меварзанд.

Бояд қайд кард, ки соли 2010 дар баландии 7495 метр дар қуллаи баландтарини минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо номи «Исмоили Сомонӣ» парчами Тоҷикистон ва нишонаи «Об барои ҳаёт» барафрохта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520