Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 7 декабри соли 2006 № 572
ш. Душанбе

Дар бораи таъсиси Раёсати Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати зерин (аз рӯи вазифа) таъсис дода шавад:
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2005 №62 "Дар бораи таъсиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

 

РАЁСАТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 

Қоҳир Расулзода Сарвазир
Қоҳир Расулзода

 

Муовини якуми Сарвазир
Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло


 
Муовини Сарвазир
Зиёзода Сулаймон Ризоӣ
Муовини Сарвазир
Мансурӣ Дилрабо Сайдулло 
Муовини Сарвазир
Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ
Вазири адлия
Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад
Вазири молия
Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор
Вазири рушди иқтисод ва савдо
Завқизода Завқӣ Амин
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ
Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520