АСАДЗОДА Анвар
Мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон4 марти соли 1958 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ оли, соли 1979 Институти педагогии давлатии Душанберо бо ихтисоси муаллими забони тоҷики ва адабиёт хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро баъди хатми Донишкада соли 1979 ба ҳайси лаборанти калони сектори Афгонистони Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон огоз намуда, сипас дар вазифаҳои тарҷумон дар хориҷи кишвар, корманди хурди илми, лаборанти калони Институти шарқшиноси, корманди калони илмии институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳо, сармутахассиси шӯъбаи тарҷума, сармутахассис, машваратчии калони Маркази таҳлилии Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Бо ордени «Шараф» дараҷаи 2 сарфароз гардонда шудааст.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2007 Мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.