2 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Мексика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Анжел Луиз Ортиз Монастерио Кастелланос эътимоднома қабул кард.
Дар мулоқоти самимӣ ва созанда, ки баъди анҷоми маросими эътимодномасупорӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дипломати Мексика ҷараён гирифт, маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ, ба хусус, робитаҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба баррасӣ шуданд.
Сафири Мексика фарорасии марҳилаи бобарори эътимоднок ва мусоиди сармоягузориро ба иқтисодиёти Тоҷикистон натиҷаи сиёсати ҷавобгӯи талаботи давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва талошҳои шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карда, афзуд, ки барои дарёфти роҳҳои афзалиятноки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираҳои соҳибкории мамлакат ҳамаҷониба талош хоҳад кард.