9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти ширкати бузурги энергетикии "Алистони" Ҷумҳурии Фаронса Эрве Кокалеменро ба ҳузӯр пазируфт.
Дар мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфузи Фаронса мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷонибҳо атрофи масоили ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэенергетика, обёрикунии заминҳо ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
Зимни сӯҳбати созандаю пурмӯҳтаво Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби Президенти ширкати энергетикии "Алистони" Ҷумҳурии Фаронса Эрве Кокалемен, аз ҷумла оид ба сохтмони як нерӯгоҳи барқии обӣ бо иқтидори то 160 ҳазор киловатт соат дар болои дарёи Зарафшон ба мувофиқа расиданд.