11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Ӯрдун Абдуллоҳи Дуввум барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
"Аз хабари силсилаи амалиётҳои террористӣ дар Уммон, ки дар натиҷаи онҳо даҳҳо нафар сокинони осоишта осеб диданд, сахт ба изтироб омадаам. Тоҷикистон ин кирдорҳои ваҳшиёнаро қатъиян маҳкум намуда, ҷонибдори амалан якҷоя намудани саъю кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳон барои расонидани муқобилати самарабахш ба ин бадкирдорӣ ва решакан намудани шароите мебошад, ки ба паҳншавии терроризм мусоидат мекунад.
Аз Шумо, Аълоҳазрат, хоҳиш мекунам, ки тасаллияти амиқи моро ба хешу таборон ва пайвандони ҳалокшудагон расонед. Изҳори боварӣ мекунам, ки айбдорони ташкили ин амалҳои бераҳмона ошкор карда ба ҷазои сазовор гирифтор мешаванд".