14 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Хазинаи байналмилалии асъорро бо роҳбарии Карлос Пинеруа, ки дар Тоҷикистон бо сафари корӣ қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор муҳокима гардиданд.
"Мо ташрифи Шуморо нишонаи идомаи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор дар татбиқи амалии дигаргунсозиҳои иқтисодии кишвар арзёбӣ мекунем", - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масоили рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ва беҳ гаштани фазои инвеститсионии кишвар дахл намуда, изҳор дошт, ки тибқи натиҷаҳои 10 моҳи соли равон ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 8,1 фоиз ва кишоварзӣ 1,4 фоиз афзун гашт, инфлятсия бошад 5,9 фоизро ташкил дод.
Ҷонибҳо таъкид доштанд, ки рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва сол ба сол беҳтар гаштани фазои инвеститсионӣ омили хубу эътимодбахш барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон аст.
Мусоҳибон атрофи маҷмӯи васеи масоили сиёсати иқтисодию молиявии Тоҷикистон, стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таҳияи Стратегияи миллии рушд, Стратегияи дигаргунсозии низоми идораи давлатӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҳарду тараф мубодилаи афкор намуданд.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво, ки дар фазои созандагию ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт, ҷонибҳо барои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутоқобилан судбахш изҳори омодагӣ намуданд.