2 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Хайриниссо Мавлонова, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов, мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мудирони шӯъбаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат орост.
Дар машварат рафти иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ислоҳоти соҳаи маориф, ҳолат ва дурнамои он, роҳҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки дар нимаи дуюми моҳи декабри соли равон барои омӯзиши дақиқи мушкилоти соҳа ва дарёфти роҳи ҳалли онҳо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати ҷумҳуриявии кормандони соҳаи маориф даъват карда шавад.
Дар машварати ҷумҳуриявӣ кормандони соҳаи маориф вазири маорифи ҷумҳурӣ, раисони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо, роҳбарони шӯъбаю идораҳои маориф дар ҷойҳо доир ба вазъ ва дурнамои фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф аз боғчаи кӯдакона то муассисаҳои олии таълимӣ ҳисобот хоҳанд дод.
Дар машварат ҳамчунин масоили рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи иқтисод ва иҷтимоиёт, амалӣ гаштани барномаи 12 моҳи ободонӣ, омодагӣ ба мулоқотҳои Сарвари давлат бо бонувони кишвар ва зиёиёни тоҷик, омодагӣ ба иди Наврӯз, ҷашнҳои 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, Форуми тоҷикони ҷаҳон, ҷаласаҳои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли оянда дар Душанбе доир мегарданд ва омодагӣ ба ҷашни 15-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ баррасӣ гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ин ҷашну чорабиниҳо ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.