14 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маря Лийса Килюнен эътимоднома қабул намуд.
Дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Финландия Маря Лийса Килюнен, ки баъд аз маросими қабули эътимоднома доир гашт, масоили муносибатҳои Тоҷикистону Финландия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
"Мо ба ин вазифа таъин гаштани Шуморо нишонаи ҳавасамандии Финляндия ба рушди ҳамкориҳо бо кишвари мо арзёбӣ менамоем, - таъкид дошт дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори умед кард, ки, - бо ҷаҳду кӯшиши Шумо муносибатҳои Тоҷикистону Финляндия рушду нумӯъи нав пайдо мекунад".
Дар мулоқот атрофи имкониятҳои мавҷудаи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дар партави татбиқи амалии Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ, ки байни Тоҷикистон ва 25 кишвари Аврупо соли гузашта ба имзо расида буд, мубодилаи афкор сурат гирифт.