24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 80-умин солгарди фаъолияти Прокуратураи Тоҷикистон ба гурӯҳи калони кормандони соҳа мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатиро супурд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои шоиста ва саҳми шахсӣ дар таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ беҳтарин кормандони бахшҳои мухталифи Прокуратура аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо Ордени Шараф дараҷаи 1, Ордени Шараф дараҷаи 2, медали ҷасорат ва ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон мутобиқи моддаи 69-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомнома дар бораи рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998 тасдиқ шудааст, ба муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусамӣ Додобоев, сардори раёсати тафтишии парвандаҳои ҷиноии махсусан муҳимми Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Ҳамидов ва сардори раёсати назорати умумии Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мироҷиддин Ҳакимов рутбаи дараҷавии навбатии Мушовири адлияи дараҷаи 3-юм ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муовини Прокурори генералӣ – Сарпурокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи ҳарбии навбатии генерал-майори адлия дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро барои шарафёбӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ шодбош гуфта, дар фаъолияти содиқонаву пурифтихорашон барору муваффақият таманно кард.