30 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Хиндустон Яшвант Сингхро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро ба таври муфассал баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.