4 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Тошканд бо раиси Бонки Исломии Рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ мулоқоти самарабахш дошт.
Зимни мулоқот бо Раиси БИР рафти татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи Бонки мазкур дар Тоҷикистон муҳокима карда шуд.
Баъди анҷоми мулоқот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба ҳаммаблағгузории лоиҳаи таҷдиди низоми таъмини об дар шаҳри Душанбе ба маблағи 9 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА Созишнома ба имзо расид.