23.06.2003 14:00, шаҳри Душанбе
23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Алҷазоир дар Тоҷикистон Ҳасан ал-Аскариро қабул намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор карданд.