29 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир Муроҷиатнома ирсол намуд.
Президенти кишвар дар Муроҷиатнома зикр кард, ки зиёда аз чор сол пештар дар кишвари мо оид ба пайрезии роҳҳои мубориза бар зидди маводи мухаддир як чорабинии муҳими байналмиллалӣ бо номи "Тоҷикистон зидди маводи нашъаовар" доир гардида буд, ки дар он оид ба таҳлили вазъи ба миёномада ва тадбирҳои ислоҳи он муҳокимарониҳои муфассал барпо гардиданд.
Дар тӯли ин солҳо мамлакати мо дар кори мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол бо 30 давлати дунё оид ба масъалаҳои мухталифи назорати маводи нашъадор шартномаҳои байниҳукуматии дуҷониба ва бисёрҷониба дорад. Аз ҷумла, дар асоси протоколи ҳукумати ҷумҳурӣ ва Созмони Милали Муттаҳид аз апрели соли 1999 аввалин шуда, дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар муроҷиатнома Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати амният, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, инчунин Кумитаи хифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидаанд, ки назоратро аз болои масъалаҳои марбут ба ошкорсозӣ ва пешгирии қочоқи ин мавод боз ҳам ҷиддитар ва қатъитар ба роҳ монанд.