Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

15.02.2017 13:52, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар мулоқот раёсат ва аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, намояндагони ташкилоту муассисаҳои гуногуни пойтахт, доираи соҳибкорону тоҷирон, аҳли илму маърифат, зиёиён, иттиҳодияҳои эҷодию динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст дар ҳузури иштирокчиёни мулоқот Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз гузашта ва имрӯзи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе ва мушкилоту дастовардҳои он дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории мулоқоти имрӯзаро идомаи тадбирҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин вохӯрӣ барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи пойтахти мамлакат ва таҳияи нақшаю барномаҳои наву муосири таъминкунандаи пешрафту тараққиёти бемайлони он дар оянда шароити созгор фароҳам хоҳад овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври муфассал вазъи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳри Душанберо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои бартараф намудани мушкилоти тамоми соҳаҳои шаҳрдорӣ ва мусоидат ба таъмини рушди устувори онҳо масъулини дахлдорро вазифадор намуданд. Ба таври мушаххас вазъи соҳаҳои роҳу нақлиёт, барқу гармидиҳӣ, обу корезӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, хизматрасонӣ ба аҳолӣ, бозору марказҳои савдо, тандурустӣ, варзиш, мактабу муассисаҳои соҳаҳои маорифу фарҳанг, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мавриди таҳлил қарор дода шуда, роҳбарият ва масъулони мақомоти ҷумҳуриявӣ ва сохторҳои шаҳрӣ барои ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта супоришҳои қатъӣ гирифтанд. Ҳамчунин тақвият бахшидани фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ дар тамоми шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе барои таҳким бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахти мамлакат тақозо карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъол дар тадбирҳои ободонию хуррамгардонӣ ва фароҳамсози пешрафту тараққиёти бемайлони шаҳри Душанберо рисолати шаҳрвандии ҳар як сокини бошарафи пойтахт арзёбӣ карда, аз ҳамагон бори дигар даъват ба амал оварданд, ки дар иҷрои ин рисолати воло ҷиддӣ ва масъулиятшинос бошанд.

Дар анҷоми вохӯрии имрӯза доир ба масъалаҳои муҳими ҳаёти ҳамарӯза ва дурнамои рушду тараққиёти бештару хубтари шаҳри Душанбе байни Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштирокчиёни мулоқот аз ҳисоби доираи соҳибкорону тоҷирон ва фаъолони пойтахти мамлакат суҳбати самимӣ ва мубоҳисаи судманд доир гардид.

Сипас дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сухан баромада, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирию таваҷҷуҳи пайваста изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъкид бар он дошт, ки дар доираи дастуру супоришҳои роҳнамунсози Сарвари давлат роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои ободонию пешрафти пойтахти мамлакат тамоми тадбирҳоро амалӣ хоҳад кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520