Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумак ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ-и солҳои 1941-1945

02.05.2012 18:10

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба пардохти кумакпулии яквақта ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 амр имзо намуд.

Тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати молияи кишвар вазифадор аст, ки ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 кумаки яквақтаи пулӣ ҷудо намояд.

Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳия низ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазифадор шудаанд, ки ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 кумакҳои моддию маънавӣ расонанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520