Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо гурӯҳи вакилони Парлумони Аврупо

04.05.2012 13:10, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи вакилони Парлумони Аврупо доир ба кор бо кишварҳои Осиёи Марказиро бо сарварии Раиси гурӯҳ Паоло Бартолоззи ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо Парлумон ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

Кори босамари Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, ки соли гузашта таъсис ёфта буд ва баргузоршавии ҷаласаи дуюми он дар шаҳри Душанбе нишонаи тавсиаи робитаҳои судбахши ду ҷониб арзёбӣ гардид.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо боз як сохтори нави ҳамкорӣ буда, дар қатори Шӯрои ҳамкории миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва дигар сохторҳо дар таҳким ва тавсиаи муносиботи судманди ду ҷониб нақши намоён хоҳад гузошт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «муносибот бо Иттиҳоди Аврупо дар миёни афзалиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хос дорад».

Гуфтугӯи судманд доир ба ҳамкории сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ сурат гирифт.

Густариши ҳамкорӣ доир ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, демократия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба вусъати дастгирии моддию техникии соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамчунин ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва ғайра бо ҷалби бахши хусусӣ зоҳир карда шуд.

Бо назардошти талаботи рӯзафзуни Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба нерӯи барқ ва маҳсулоти гуногуни дигар таъкид гардид, ки иштирок дар фаъол намудани имкону захираҳои фаровони Тоҷикистон ба ҳар як сармоягузор манфиати зиёд меорад.

Ҳамчунин доир ба дастгирии сохторҳои қудратиии Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯҳои сарҳадӣ барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520