ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 14 феврали соли 2020 №86
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи ҳифзи
муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Гулмаҳмадзода Д.Қ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон