ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Зиёзода С.Р.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Зиёзода Сулаймон Ризоӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№31
ЗИЁЗОДА Сулаймон Ризоӣ
аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд 1 январи соли 1962 Ҷои таваллуд ноҳияи Ғончӣ
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
соли 1983 Донишкадаи аграрии Тоҷикистонро хатм намудааст
Ихтисос агроном-олим
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, ӯзбекӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аст ё не вакили Маҷлиси Ҷамоат
Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не - соли 1999 «Ифтихорнома»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1983-1986 |
Агрономи калони хоҷагии давлатии «Ленинобод»-и ноҳияи Зафаробод |
03-11 соли 1986 |
Сардори шӯъбаи дуюми хоҷагии давлатии «Ленинобод»-и ноҳияи Зафаробод |
Солҳои 1986-1989 |
Котиби дуюми Кумитаи комсомолии ноҳияи Зафаробод |
Солҳои 1989-1992 |
Котиби якуми Кумитаи комсомолии ноҳияи Зафаробод |
Солҳои 1992-1995 |
Муовини директори хоҷагии давлатии «Ширин»-и ноҳияи Зафаробод |
Солҳои 1995-1996 |
Директори хоҷагии давлатии «Ширин»-и ноҳияи Зафаробод |
Солҳои 1996-2002 |
Раиси кооперативи истеҳсолии «Ширин»-и ноҳияиЗафаробод |
Солҳои 2002-2006 |
Раиси ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Шӯҳрат»-и ноҳияи Зафаробод |
Солҳои 2006-2008 |
Раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ба номи М.Абдуллоев, ноҳияи Зафаробод |
Солҳои 2008-2011 |
Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Зафаробод |
Солҳои 2011-2014 |
Раиси Ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод |
06-09 соли 2014 |
Сардори шӯъба-муовин оид ба иқтисодиёт ва молияи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд |
Солҳои 2014-2015 |
Муовини якуми раиси ноҳияи Зафаробод |
Солҳои 2015-2016 |
Муовини раиси вилояти Суғд |
Солҳои 2016-2018 |
Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд |
Солҳои 2018-2019 |
Муовини якуми раиси вилояти Хатлон |
14-28.01 соли 2019 |
Муовини раиси вилояти Суғд |
Солҳои 2019-2020 |
И.в. раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд |
03-11 соли 2020 |
Раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд |
аз ноябри соли 2020 |
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон |