Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Балҷувон

23.09.2021 09:46, ноҳияи Балҷувон
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Балҷувон   23.09.2021

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба истифода додани варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувон дар ҷамъомади тантанавӣ суханронӣ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ифтитоҳи варзишгоҳро туҳфаи арзишманд барои сокинони заҳматдӯсти ноҳия маънидод карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки сокинони ноҳияи Балҷувон  бо дарки баланди масъулият ва хештаншиносӣ корҳои ободонию созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, дар пешрафту ободии Ватани азиз саҳми шоиста мегузоранд.

Сокинони заҳматқарини ноҳияи Балҷувон дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои Ватани маҳбубамон ҷиҳати истиқболи сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, ба ин муносибат то ба имрӯз 380 иншооти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоиро бунёду азнавсозӣ кардаанд ва дар даҳҳо иншооти дигар корҳои бунёдкориву азнавсозӣ идома доранд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани рушди ноҳияи Балҷувон ва ҳалли масъалаҳои иқтисодии он дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 780 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Дар ин давра дар ноҳия 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 248 миллион сомонӣ амалӣ карда шуда, ҳоло иҷрои корҳо дар доираи 5 лоиҳаи дигар идома дорад.

Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Балҷувон барои солҳои 2016 – 2020 25 лоиҳа ба маблағи 84 миллион сомонӣ иҷро шудааст ва дар барномаи навбатӣ барои солҳои 2021 – 2025 боз 129 лоиҳа ба маблағи 334 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки барои рушди инфрасохтори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона карда мешаванд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон карданд, ки шароити ноҳия барои растанипарварӣ ва чорводорӣ бисёр мусоид буда, рушди ин бахшҳо метавонад дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ ва ба кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дошта бошад.

Аз ин лиҳоз масъулин вазифадор гардиданд, ки доир ба ташкили фермаҳои чорводориву парандпарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар мавзеъҳои мусоид, истеҳсолу захира кардани маҳсулот ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати соҳа чораҳои дахлдор андешида шаванд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои беҳтар таъмин намудани мардум бо нерӯи барқ дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон неругоҳҳои хурди барқи обии «Ҳорма» ва «Пушти боғ» бо иқтидори умумии 360 киловатт сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидан ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ як қатор лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ амалӣ карда шуд, ки ноҳияи Балҷувонро низ дар бар мегирад. Аз ҷумла, роҳи мошингарди Данғара – Кангурт – Балҷувон – Ховалинг ба маблағи 190 миллион сомонӣ таҷдид гардида, соли 2019 ба истифода супорида шуд.

Ҳамчунин, сохтмони роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор ба маблағи умумии 85 миллион сомонӣ оғоз гардида, то ба имрӯз дар доираи ин лоиҳа 43 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон 45 бинои нави муассисаҳои таълимӣ барои 5250 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Балҷувон ба шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба хотири боз ҳам ободу зебо ва пешрафтаву нерӯманд гардонидани Ватани маҳбубамон чун ҳарвақта сарҷамъу аҳлона ва бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ саъю талош мекунанд.

Пас аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барномаи рангини фарҳангии таҳиянамудаи аҳли санъату ҳунар пешниҳоди иштирокчиёни чорабинӣ карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520