Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

10.03.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат ва муовинони ӯ, роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва Мушовирони давлатии Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаҳои азими саноатӣ ва дигар шахсони дахлдор оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар ду моҳи аввали соли равон ва коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ машварати корӣ доир намуд.

Оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар ин муддат, рафти иҷрои буҷети давлатӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Ғуломҷон Бобозода, Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ва Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ шунида шуд.

Зикр гардид, ки аз рӯйи маълумоти баҳодиҳӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ду моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9% афзуда, ба 1 миллиарду 909 миллион сомонӣ баробар шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рафти иҷрои буҷети давлатӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, иншооти энергетикӣ ва баъзе соҳаҳои дигар изҳори норозигӣ карда, таъкид намуд, ки натиҷаҳои кори онҳо дар семоҳаи авали соли равон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор мегирад ва аз рӯйи он чораҳои қатъӣ андешида хоҳанд шуд.

Оид ба таъмини саривақтии нафақа ва маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва ҳамчунин сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷети давлатӣ, кам кардани хароҷоти конселярию нақлиётӣ, алоқаи телефонӣ ва сафарҳои хизматӣ супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Оид ба вазъи соҳаи кишоварзӣ Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов гузориш дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин оид ба вусъат додани кишти баҳорӣ, татбиқи босамари лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаи кишоварзӣ, рушди боғутокпарварӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, парварши занбӯри асал, афзун намудани қарзҳои хурди бонкӣ ба соҳибкорони деҳот, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва дар зиёда аз 160 ҳазор гектар заминҳои обӣ гузарондани кишти такрорӣ супоришҳои мушаххас дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар назди масъулон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ, бунёду таҷдиди роҳу пулҳо ва нақбҳои мошингард ва вусъат додани дигар корҳои ободонию созандагӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520