Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

05.03.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти мақомоти судӣ, прокуратура ва корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо талаб намуд, ки пеш аз ҳама худашон дар риояи тартиботи ҳуқуқӣ намунаи ибрат буда, дар таъмини волоияти қонун дар ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.Роҳ надодан ба коррупсия ва муборизаи беамон бурдан бо ҷиноятҳои муташаккил ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз вазифаҳои асосӣ ва пурмасъулияти кормандони тамоми сатҳу зинаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маънидод гардид.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин назорати қатъии иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи бечуну чарои онро аз ҷониби худи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб намуд ва таъкид дошт, ки қонуни мазкур, хусусан дар шароити кунунии иҷтимоию иқтисодӣ, ҷавобгӯйи манфиатҳои моддии тамоми табақаҳои аҳолӣ аст.

Аз ҳайати роҳбарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб карда шуд, ки аз маблағҳои буҷетӣ ва захираҳои моддӣ сарфаю сариштакорона истифода баранд

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520