Бо истифода аз фурсати ғанимат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба мавзеи бунёди нақби мошингарди Шаҳристонташриф оварда, бо рафти сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳимми нақлиётӣ ва пайвандгари ҷанубу шимоли кишвар аз наздик шинос шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сохтмончиёни тоҷику чинӣ сӯҳбатҳои гарму самимӣ анҷом дода, ба роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои наздик ба нақби Шаҳристон дастур дод, ки пайваста аз эҳтиёҷоти моддию маънавии онҳо бохабар бошанд.
Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмону васлгарӣ зикр гардид, ки айни ҳол аз 5253 метри нақби мошингарди Шаҳристон 2400 метраш омода гаштааст. Сохтмончиён иттилоъ доданд, ки бунёди пурраи нақбро то охири соли оянда ба анҷом хоҳанд расонд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки тамоми корҳои сохтмону васлгарӣ бояд бо сифати баланд ва дар сатҳи талаботи байналмилаӣ анҷом дода шаванд.